Раққосаи узбакро дар Ҳиндустон рабудаанд
Шаҳноза Шукурова, шаҳрванди 27-солаи Узбакистон, ки 24 сентябри соли 2015 дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ бедарак шуд, эҳтимол аз ҷониби одамфурӯшҳо рабуда шудааст.
Ба гуфтаи Нодира Саид, хоҳарбузурги ӯ тахминан якуним сол пеш дар Деҳлӣ хоҳараш Шаҳноза ба таври нохост як шаҳрванди дигари Узбакистон Шаҳноза Отаҷоноваро аз дасти одамфурӯшон наҷот додааст. Сипас вай духтари наҷотдодаро ба манзилаш оварда, барояш каме маблағ додааст. Аммо ба гуфтаи Нодира Саид, аъзои гуруҳи ҷинояткорон дар ин бора огаҳӣ ёфта, раққосаи ҷавонро мавриди таъқиб қарор додаанд.
Нодира Саид иддао дорад, ки пас аз муддати тӯлоние бо мусоидати Отаҷонова ин нафарон хоҳарашро ба берун бароварда, рабуданд. Ба гуфтаи вай, ронандаи таксӣ Тритам, ки бо онҳо шиносоӣ дорад, шоҳиди рабуда шуданаш будааст, аммо ба пулис дар ин бора хабар надодааст. Ба иттилои Нодира, хоҳараш Шаҳноза Шукурова аз хурдӣ машғули рақс буд. Аз соли 2008 ин духтур пайваста ба Ҳиндустон барои ширкат дар маросимҳо сафар мекард. Пулиси Деҳлӣ ва сафорати Ӯзбекистон дар Ҳиндустон аз ғайбзании ҷавондухтар огаҳ ҳастанд, аммо иттилое дар бораи маҳалли қарор доштанашро надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |