Бахшҳо
19 янв 2016 17:20Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси “Амонатбонк” дар бораи харидуфурӯши доллар аз сӯи тобеинаш

Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” дар пасманзари сарусадо, ки нархи фурӯши доллар дар кишвар наздики 9 сомонӣ расидааст, изҳор дошт, ки харидуфурӯши доллар дар бонки тобеяш тибқи нишондодҳои Бонки Миллӣ сурат мегирад.

Ҳакимзода, имрӯз, 19 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, кормандони “Амонатбонк” зимни харидуфурӯши доллар нишондодҳои Бонки Миллиро риоя мекунанд. Ӯ афзуд, ки барои назорати ин раванд дар намояндагиҳои “Амонатбонк” дастгоҳҳои назоратӣ насб шуда, рафти кор тариқи онлайн назорат мегардад.

Имрӯз, 19 январ Бонки Миллӣ қурби як доллари амрикоиро 7,49 сомонӣ муайян кардааст, аммо корафтодаҳо мегӯянд, доллар дар Душанбе ба ивази 8,70 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Раиси “Амонатбонк” мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз болоравии қурби доллар фоизи пасандозҳо бо долларро як зина паст ва фоизи пасандозҳо бо пули миллиро боло бардоштаанд, то мардум бештар бовар кунанду бо пули миллӣ пасандоз гузоранд. Ӯ афзуд, ки феълан 86 фисади қарзҳо ва 52 дарсади пасандозҳо бо пули миллӣ гузошта шуданд.

Ҳакимзода теъдоди пасандозгузорони “Амонатбонк”-ро наздики як миллион нафар гуфта, илова намуд, ки пасандози шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии бонк ба 1,8 миллиард сомонӣ расонида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ қарзҳои пешниҳодкардаи Амонатбонк дар соли 2015 1,5 баробар афзоиш ёфта, ба 1,3 миллиард сомонӣ расонда шудааст.
Мӯҳр
карим
Бо ин дуругххо то кучо !?
Дуруг ва дуруг!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)