Бахшҳо

Розигӣ барои боло бурдани ҳаққи роҳкиро дар Душанбе

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои боло бурдани ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе розигӣ додааст.

Дар ин бора имрӯз, 29 январ Назар Одиназода, ноиби сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар пайи ҳисобукитоби хароҷоти мусофирбарон дар Душанбе болоравии ҳаққи роҳкироро асоснок хонданд: “Хулосаи худро ба шаҳрдорӣ равон кардем”.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, дархост барои боло бурдани ҳаққи роҳкиро аз сӯи муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” ворид шудааст. Душанбенақлиётхадамотрасон” пешниҳод кардааст, ки ҳаққи роҳкиро дар Душанбе то 14-15 дарсад баланд бардошта шавад ва сабаби онро гарон шудани қисмҳои эҳтиётӣ ва фарсуда шудани мусофиркашҳову ниёз ба таъмир доштани онҳо арзёбӣ кардааст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ дақиқ эълон накард, ки роҳкиро дар Душанбе чӣ қадар боло хоҳад рафт, аммо таъкид намуд, ки тасмими ниҳоиро барои боло бурдани арзиши роҳкиро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегирад.

Роҳкиро дар мусофиркашҳои Душанбе тобистони соли 2011 бо қарори шаҳрдорӣ 1,6 сомонӣ муайян шудааст, аммо ронандаҳо аксаран аз мусофирон 2 сомонӣ мегиранд.
Мӯҳр
Салим
ҳамон 2 сомониро қонунӣ кунед, бас

орипов
Ягончи фикри донишцуёнро мекарда бошанд инхо!?

Мухочир
чи қадари мехоҳед боло бардоред мо мардуми бо сабрем)))) мо шуморо мефаҳмем шумо бечораҳот камбизоатхо аҳ доранда нашудед як умр дар фикри боло бурдани нархҳо ҳастенд

Фотография является собственностью редакции kloop.tj при ОО "Даст ба даст". Просим указать ссылку на сайт www.kloop.tj или на сайт организации www.dastbadast.tj. В противном случае удалите авторскую фотографию из данного сайта. Ссылка будет перепроверена.

Шарм намедоред! дар хамин вакти кризиз мардум худаш ба зур нон меёбад. Дигар роххи даромадро ёбед!

...Holo muzdi mehnat mohi iyul ziyod karda meshavad.Ana hamon vat hisobu kitob karda narchro bolo e poin burdanashro didan lozim.Narchi benzin dar dune ba zamin rasidaast inho boshand rohkiroro ziyod mekunand!?Narchi benzin dar Arabistoni Saudi az narchi ob dida arzontar ast kamakak uy kuned ochir.Boloi chalk in kadar jabr nakuned.

ERAJ
чи ика сол 1 сомону 60 дирам мегирифтет, аз вакте конун баромад бачои 1.60, 2 сомон мегирифтед, бачои 3 нафар 4 нафар бор мекунед, боз хам ками мекунад, шукр гуед.

Хама чиза нархро боло мебардоред, оё фикр намекунед, ки мардум чи кунад? Ё касдан чунин мекунед, ки мардум ба шур оянд? Холо ман хамин маколаро мехондам, дар так так шуд, кушодам писараке 2- китоби кухна дар даст намехаред гуфта мепурсад. Пеш аз ин як духтарак либоси кухна фуруши омада буд. Ин хамма чи маъни дорад? Окибати наздика хатто фикр кунед, ки мардум ба чон омадааст.

Донишчу
Одамиро 1-халта тилло додиян боз талаби 2-юм халта кардаасту шукр нагуфтааст...Чи басо ки 1сомону 60 дирам асту 2 сомон медихем боз камаст?!Худованд ок,ибаташро ба хайр орад

навруз
Дар холе ки нархи нафт дар чахон се маротиб паст рафтаас инхо мехоханд нархи рохкиророболо баранд магар хамин давлатдори аст??????

А
А бача мошиношона ба ай хисоби мо таьмир мекунанд!?

Мошиношона ба ай хисоби мо таьмир мекунанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)