Бахшҳо

Шикояти “Газпром” ба ҳукумат: Иҷоза диҳед, нархро боло барем

Ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” аз маҳдудсозиҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ҳукумат шикоят намуда, дархости иҷоза барои боло бурдани нархи сӯзишворӣ кардааст.

Саидалӣ Зарифзода, сардори Раёсати танзими монополияи табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, имрӯз, 29 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Газпромнефт-Тоҷикистон” ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда, арз доштаст, ки “хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нархгузории ширкат маҳдудият ҷорӣ карда, намегузорад, ки ширкат фурӯши сӯзишвориро ба нархҳои фоиданок ба роҳ монад”.

Зарифзода гуфт, дар пайи муроҷиати Газпром гуруҳи корӣ ташкил шуда, дар ин ширкат санҷиш гузаронида шуд: “Маълум шуд, ҳолат на он тавре аст, ки онҳо мегӯянд. Санҷида баромадем ва нагузоштем, ки “Газпромнефт” нархи бензинро аз 5 сомонию 60 дирам боло барад”.

Ба суол, ки чаро коҳиши нархи нафт дар ҷаҳон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон поин набурдааст ва оё арзоншавии маводи сӯхт дар назар аст, Зарифзода посух дод, ки аз нимаи дуюми соли 2015 бо назардошти коҳишёбии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар корхонаи коркарди нафти Русия низ коҳишёбии нархи бензин ба чашм мерасад: “Лекин суръати фаромадани нархи нафт нисбати поинравии нархи бензин камтар мебошад. Дар корхонаи коркарди нафти Русия тибқи тадқиқотҳо, агар моҳи сентябри соли гузашта нархи 1 тонна бензини АИ 92 то 41 ҳазор рубли Русия буд, ҳоло ба 33 ҳазор рубл омада расид”.

Масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид намуд, ки ташаккулёбии нархи фурӯши чакани сӯзишворӣ дар баробари нарх дар корхонаҳои тавлидкунанда, аз омилҳои дигар аз ҷумла тағйирёбии қурби асъори миллӣ, ҳаҷми маҳсулот дар бозори дохилӣ вобастагӣ дорад”.

Зарифзода илова намуд, ки феълан арзиши гумрукии як тонна бензини навъи АИ 92, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, ба 478 доллари амрикоӣ баробар аст, ки сари ҳар литр 3 сомону 24 дирамро ташкил медиҳад: “Ин ҷо боз аксиз ва дигар хароҷот аст. Аз ҷумла хароҷоти нақлиётӣ аз истгоҳи Бекобод то Спитамен, ки сарфи ҳамлу нақли роҳ иловатан ҳисоб карда мешавад. Дар баробари ин ҳар як субъекти хоҷагидор ҳуқуқи зам намудани 25 фоиз ба арзиши маҳсулотро дорад. Агар ҳаминро 15% ҳисоб кунем, бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда нархи як литр бензин дар нуқтаҳои фурӯш ба 5 сомонию 35 дирам баробар мешавад”.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Газпромнефт Тоҷикистон” қариб нисфи бозори маводи сӯхтро дар ихтиёр дорад. Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар воридоти маводи сӯхт ҳиссаи “Газпромнефт-Тоҷикистон” 46,8%, “Тоҷик Петролеум” - 10% ва “Умед - 88” 7,7% мавқеи пешсафро ишғол менамоянд. Ба иттилои ин ниҳод, дар соли 2015 ба кишвар 531 273,9 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 215 105,9 тонна бензин ворид шудааст.
Мӯҳр
Ба хар хол сабаби арзон нашудани нархи маводи сухтро дар Точикистон маълум накардед, дар холате, ки нафт дар бозори чахони поин фаромадааст.

kishvar
Дар корхонаи коркарди нафти Русия тибқи тадқиқотҳо, агар моҳи сентябри соли гузашта нархи 1 тонна бензини АИ 92 то 41 ҳазор рубли Русия буд, ҳоло ба 33 ҳазор рубл омада расид”. pas charo narkhro balnad boyad kard????

ВАТАНДУСТ
Наход аз 1л бензин 3.24 сомони нахи гумруки бгири? айб шарм. Ана инро мусулмонгари мегуянд. агар 1 сомон нархи гумрук гирем нархи бензин 3,5сомони мешава АИ92

такси
айба намедонан бо нарха балан мебардоран

Ман гуфта будам ку бо як масъулини Газпром-нефт сухбат карда будам ва у гуфт, ки нарха Точикистон боло мебардорад. Хукумат аз бехунари даст ба киссаи мардум дароз кардааст то, ки сарфхои худа пушонад. Магар ин адолат аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)