Бахшҳо

Human Rights Watch ва Norwegian Helsinki Committee хостори раҳоии маҳбусони сиёсии Тоҷикистон шудаанд

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж (Norwegian Helsinki Committee) аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, тамоми маҳбусони сиёсиро раҳо кунад.

Ин ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар гузорише, ки 17 феврал нашр гардид, гуфтаанд, “моҳи сентябри соли сипаришуда бо баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар гардид”.

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж гуфтаанд, “ҳукумати Тоҷикистон аъзои мухолифини сиёсии сулҳомезро ҳабсу боздошт ва шиканҷа мекунанд. Ҳукумат ҳамчунин мунтақидонашро дар хориҷ таъқиб карда, дар пайи боздошти истирдоди онҳо ба Тоҷикистон аст ва мунтақидонашро дар хориҷ иҷборан мерабояд ва онҳо танҳо баъдан дар зиндони Тоҷикистон пайдо мешаванд”.

Гузоришгарон гуфтаанд, мақомоти Тоҷикистон вакилони мудофеъ, журналистон ва шаҳрвандони оддиеро ҳам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба раисиҷумҳур матлабҳои интиқодӣ нашр мекунанд, ҳадаф қарор додааст.

Стив Свердлов, пажуҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch гуфтааст, “буҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳамарӯза густариш меёбад, вале вокуниши Вошингтон, Брюссел ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ нокофист”.

Ин ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон боздошти аъзои узви ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломиро сиёсӣ хонда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, “нафаронеро, ки бо ангезаҳои сиёсӣ зиндон шудаанд, фавран ва бидуни қайду шарт озод кунад”.
Мӯҳр
ин созмонхо намедонанд ки нахзатихо аз ал коидаву доиш садхо баробар хавфнок буда бо яроки ядрои мусалаханд агар бароянд дар дуне ягон чонзот намемонад инхо намебуданд точикистон аз амрикову русия фарсаххо пеш мерафт

кар
Эээҳҳҳҳ созмонҳо, созмонҳо дар гӯши кар азон мехонед дия!!!
Беҳуда гап мезанед, бовар кунед...

Чамшед
Шумо аз сулху субот харф мезанеду аммо худ сарчашмахои ин гуна падидахоро чонибдори мекунед. Ин амалатон гувохи он аст ки тухми низоъро аслам Шумо мекореду баъдан аз дур тамошо мекунед ки чи тавр як миллат худро бо дасти худ нест мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)