Бахшҳо

Ҳушдори Э.Раҳмон аз хушксолию камҳосилӣ: Ғизо захира кунед...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми феврал дар ҷаласаи ҳукумат аз хушксолӣ ва камҳосилӣ дар кишвар ҳушдор дод.

Тибқи иттилоияи расмӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки “камборишии зимистону аввали баҳори имсола ва ҳамчунин фарорасии барвақти ҳавои баҳорӣ аз эҳтимолияти хушксолию камобии дарёҳо ва ҳамчунин аз хатари камҳосилӣ дарак медиҳад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин робита маслиҳат додааст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо аз ҳозир фаровон об дода шавад ва дар ҳар куҷое имкон ҳаст об захира карда шавад: “Киштукори баҳорӣ ва ҳамаи корҳои кишоварзӣ вобаста ба барвақт омадани гармӣ ба роҳ монда шавад ва маблағҳои мавҷуда ва тамоми воситаҳои моддию техникиро сарфаю сариштакорона истифода баранд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки чорабиниҳои давлатӣ ва анъанаю маросими серхароҷоти мардумӣ ҳам бояд бо хароҷоти камтарин ба роҳ монда шаванд ва мардум барои худ маводи ғизоӣ захира намоянд.

Қаблан Маҳмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон низ дар посух ба суоли “Озодагон” аз гармии зимистони имсола изҳори нигаронӣ кард.

Зокирзода гармои зимистонро мояи нигаронии на танҳо кормандони Вазорат, балки тамоми деҳқонони кишвар хонд: “Ин ки зимистон гарм омадааст хуб нест, зеро он намие, ки тирамоҳ буд ва он намнокие, ки дар заминҳои лалмӣ аст, хеле кам мебошад. Мо ғалладонагиҳои зиёд коштем. Бо чунин намӣ мо наметавонем, ҳосили банақшагирифтаамонро гирем”.
Мӯҳр
мардикор
бисйор ба аврату риш чака шудед ба худо хуш наомадед

Обо ин хушксоли холо тамом нашудаст гуед? Мо 20 сол шуд хамин панди шуморо фаромуш насохтаему. Фикр кардем хушксолихам ба поён расидагист. Чи захира кунем.Як маслихат медодед? Шояд ках чамъ кунем, зеро намепусад ва солхои зиёд нигох доштан мумкин.Охир Шумо фикр намекунед чаноби Пешво,ки хамин пулчон бошад захира даркор нест.Баъдан мегуфтед, ки кадом гизоро аз 6 мох зиёд захира кардан мумкин? Дар руи дунё "ОДАМОН -ба маънои томаш" нони дуруз мухлалатш гузаштаро намехуранд. Озодичон илтимос озод бош чопш к..

мехмон
Мухтарам Чаноби Олимаком !!! Хамон Fизо набошад аз кучо захира кунем?????!! Аз кучо биёрем ???!!! Шумо сарвари миллат надонед мо аз кучо медонем ???!! Оё хукумат накшаи озукавории соли 2016 надидааст?? Ё хама таввакал карда зиндаги мекунем ???!!!

Абдуллох
Захира кардан ва нигохдории гизо мушкилие надорад , аммо бо кадом пул захира ?

az..
мардикор,
gapt mani nadosht

Darvesh az New York
Korgaroni "Ozodagon" charo fikru aqidai maro chop manekuni? yo tarsi kalon dori?

Вафо
Наход надонед чи захира карданро,албата гандумро,равґанро иншоолох мардуми точикда гандум бошад шакароб курутоб отала карда мехурад,аз хама асоси гандумро захира кунед.давраи бесарусомонихоро фаромуш кардед магар,башумоен дилсузи карда истодаанд,

20 сол зиёд мешавад ки дар Точикистон сол хушк аст, кризис аст, ин гапи нав нест хавотир нашавед. Холо мо соли тарба нарасидаем.

мехмон
Вафо,
Шумо соли 1941-45 бобоям гушна буд , ман хам гушна мегардам гуфта гардед ! Алхамдулилох тинчию амони хаст хозир бо халк кор кардан даркор ,ки гурусна намонад. Накшаи солонаи хуроквори ва захираи онро хукумат бояд пешбини кунад на ин ки Халк!! Чи магар дар ошёнаи 5-ум дар якхучраги гандум захира кунанд,ки гушнаги меояд,хезум захира кунанд ки хунуки меояд?Якхучраги БА амбор табдил меёбад ва мушхона мегардад. Чи хел фахмем?
Пас барои чи лозим вазорати кишоварзи? Ё дигар вазоратхои БА ин Сару кор дошта?

Ба марди к.р
бисйор ба аврату риш чака шудед ба худо хуш наомадед

Омрико аз замоне ки пайдо шуда ва ё Исроил хамеша бар сару руи кудаку зан ва пиру кампири мусулмон бомба мерезад тикаву пора мекунад албатта бо амдастии кишвархои Урупо ва худди хамин Россия хоки чеченистона бехт хеч гапу хабаре нашуд ва баракс онхо руз то руз серу пуртар ва туву мисли ту факиртару кавдантар мешаванд ё шояд асли мочаро ё хакикатро аз худои чинихо ва корейсхо пурсид ва ё японхо ки чаро ин аллох ин кадар ба он бетахоратхо назари лутф дораду уммати паёмбари охирини худашро бечораву бенаво ва бепушту панох гузоштааст. ё наузанбиллох худои корейсхо... ё шояд акли олмониву япону корейс бештар аз хуши уммати расуллаллох бошад ин саволхоест ки аз Кутайба ибни муслим ва тарафдоронаш пурсид ки чаро дар Хоразм- факат дар Хоразм 4 хазор фозилу донишмандро сар буридиву мардумро бо забони форси харф задан нагзошти ва номи онхрро дар Хоразм бори аввал ачами гузошти ва ё аз Усмон ки тарчумаи номаш морбачча мешавад ваё аз Умари Хаттоб ки китобхона Тайсафунро сухту духтаракони 7-8 солаи эрониро тачовуз кард бояд пурсид. ё аз манчаники Рузбех ки дар чангхо ва газавоти паёмбари ислом бар сару руи мардум сангхои нефтолуд ва оташбор бориду гуфт ки аз осмон меборад ва ё

Дар хакикат сарвари давлати шахси худодод ва гамхори миллати хеш мебошад. Ба мардикор гуфтаниам, ки пеш аз ин суханонатро гуфтан аввал ба давлатхои Ислом, махсусан ба ЧИА ва ЧА Сурия ва Ирок назар кардан даркор. Холо он ки дар он давлат касе ба ришу сатру дигару дигараш коре надорад, вале бадбахти ва хушксоли бисёртар дар ончойхо дида мешавад. Шукронаи АЛЛОХ дар чумхурии мо хам сатрдору хам ришдор озодона ва хушбахтона умр ба сар бурда, хеч шикояте надоранд. Он касеро ки ришаш ва сатраш барои миллату давлат хатаровар аст, албатта зери назорати чидди гирифта мешавад. Ватандори ва хукуматдори хамин аст. . .

Ба шахсе ки ба мардикор посух доди! Эй одам, навиштаи туро хонда тарс дар дили ман пайдо шуд. Ту медони чи гуфти? Сухани ман ба ту дарав тавба куну калима гуфта аз сари нав мусалмон шав. Газаби худоро ба худ чалб карди. Оё ту намедони ки ин мардуме ки ту мувафак хаёл карди, онхо ин дунё доранду он дунё барои онхо вучуд надорад. Ту девонаи ки саъобахоро дашном доди? Ин дунё дунёи кишт ва имтихон аст ва хушбахтихои он дунёро бо сабру токату кирдори нек ноил мешави. Ту нагзаш барои хакикату комёби мубориза бар. Рахмати худоро ба осони ба даст намеори. Аз суханхои гуфтаат тоба кун.

Ба кухистони
Аз ту кухстони хафа шудан натвон. Чунки кухистонихо имони пок соддаги ва мехру мухаббати зиёдашон сабаби аз вокеиятхо дур шуда бештар руи эхсос рафтор карданашон мешавад. Факат як машварати одамона (чунки аз назари ту ман мусулмон нестам ва наметавонам дуст ва ё бародари ту бошам (харчанд точикам)) дунё махсусан дунёи дигареро ки ту имон дори ки бихишт мерави ва гумон дори ки мисли мане дузах ( дар сурате ки ин бихишту дузах прямо аз дини Мони ва Затушт вориди ислом шуд хамчун тахорату таяммум ки аз Монист) бо акл факт далил ва мантик нигаристанро биомуз. дигар ин ки таърихи сахобахоятро хам аз худди таърихнависони ислом аз Вокиди Табари Наршахи ва дигарон бихон, дар сурате ки ин китобхо хеле тавсиф кардаанд хатто одамкушихояшонро ва мукаддас шумурдаанд ки барои инсони замони мо вахшатнок аст. ва баъд аз назари акл ва хирад бингар ки ин корро дар хазорхо мучаллад китоб аз Ибни Мукаффаъ ва Бобаки Хурамдину Рованди ва Синову Канту Спиноза нашр шуда буданду бештараш сузондаву нобуд карда мисли китобхои Хайёму Рованди ( хамон ринди ё риндигари) . натича ин шуда ки урупои вахши ва ё япония ва Кореяи такрибан вахши ба ин дарачахо бирасанд ва хатто он азобхое ки ба кавми Луту Од раво дида шуд кишвархои имрузи мутаракки ки пур аз Луту Од астанд дар амонанд значить гап дар чои дигар аст ё ту хануз хам мегуи ки дар он дунё ба капи мо мехура?? имруз агар далел надошта боши девона мепиндорандат. Вакте Чингиз омад ва 7-8 миллион мусулмони аз ту поктарро кушт ин мучизахо кучо буд ё факат барои араби пеш аз ислом тааллук дошт!?

Чавоби ман. Ту харчи медонисти нависти. Ман мутмаъинам, ки ту нодон нести. Ман низ аблах нестам. Номзади илмам. Ягона ман гуфтам, ки куфр нагу. Ту таърихро хонда атеист шудаи. Як чизро мехохам,гуфт, ки мисли Умар (р) шахси боадолат дар дунё тавалуд нашудаю намешавад. Вахте у халифа буд дар араб хушксоли омад. Гуруснаги мардумро фаро гирифт. У ба катори мардум гурусна мегашт. Аз дур овози рудахои гурснаи у ба гуши мардум мерасид ва у бар шиками худ хитоб карда мегуфт. " То охирин шахс сер нашавад, ба ту лукмае намедихам" Дар бораи Усмон (р) гуфти. У шахси сарватманде буд, ки тамоми боигарии худро ба ислом сарф намуд. Дар хушксоли араб у аз тичорат бо уштурони пур аз гала омад. Савдогарон(перекупщики) дархол ба назди у омаданду нархои худро гуфтанд аммо у гуфт хаст касе ки ба ман аз шумо дида зиёдтар медихад. Он вакт ин савдогарон гуфтанд аз мо дида сарвадмантар дар араб нест, кист оне ки ту мегуи зиёдтар медихад? У гуфт ин Худои ман аст ва тамоми галаро ба раъият рогон таксим мекунад. Ту инхоро дашном ва такир карди ва ман низ хамчун мусалмон набояд хаб шинам. Барои эмони ту коре надорам, чунки дар назди Алохи зулчалол хар кас чавоби худро медихад вагарна дузахро Худо халк намекард.. Ба фикрам он шархи туро дигарон нахондаанд вагарна хама эродхои худро мегуфт. Озодагон илтимос чоп кунед. Чунки дар шархи ман ба ин мавзуъ алокамандие низ хаст.

соддабек
Дар партави гуфтаҳои ҷаноб ман даррав тамоми зарфу бочкаву буталҳои холии хонаамро пури об карда дар чердаки хона тал задам, баъди ду руз занам аз деҳа омада маро воҳимачӣ, беақл номида ҳамаи зарфҳои пури орро чаппа карда гуфт, ки бори дигар ҳамин хел корҳои аблаҳонаро такрор куни хатман ба доктори равоншинос мебарамт, мега ки ага об ду руз бииста вайрон меша, ғизо як моҳ бииста митташ мезана ва лашкари мушон ба хона ҳуҷум мекунанд, ман тарсидум, гуфт, ки агар худои нохоста хушксоли шава ду метр замина мекоби об меброя!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)