Бахшҳо

Гадоева: Гулчеҳра тоҷик аст... Песков: Ин ҷиноят ба миллат рабт надорад

Гулчеҳра Бобоқулова, дояи муттаҳам дар қатли Настяи 4-сола дар Маскав тоҷик аст. Дар ин бора “Риа Новости” аз қавли Азиза Гадоева, дугонаи Гулчеҳра Бобоқулова хабар дода, афзудааст, Бобоқулова зимни сафари охираш ба Узбакистон рафтори зӯроварона доштааст.

Азиза Гадоева изҳор доштааст, ки “миллати Гулчеҳра тоҷик аст. Дар Маскав ҳам асосан бо тоҷикон ва зодагони Тоҷикистон иртибот дошт ва муддате бо марди тоҷик ҳамзистӣ мекард. Фикр мекунам, Гулчеҳра таҳти таъсири динии ҳамзисташ қарор гирифт ва ба пӯшидани ҳиҷоб оғоз кард”.

Ба гуфтаи Гадоева дугонааш аз соли 2003 аз шавҳараш ҷудо буда, соҳиби се фарзанд мебошад.

Талоши расонаҳои русӣ ба Тоҷикистон рабт додани ин ҷинояти мудҳиш дар ҳолест, ки Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия изҳор доштаст, ки қатли Настяи 4-сола аз сӯи доя ҳеч рабте ба масоили миллӣ надорад.

Аз ин пештар хабар расид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон писари Гулчеҳра Бобоқулова, муттаҳам дар қатли кӯдаки чорсола дар Русияро боздошт кардаанд. Баҳриддин Тӯраев, падари Гулчеҳра, ки дар вилояти Самарқанд ба сар мебарад, ба “Газета.ru” гуфтааст, шоми рӯзи душанбе кормандони пулис Раҳматиллоро дастгир карданд. Далели ин боздоштро Вазорати умури дохилии Узбакистон шарҳ надодааст. Ба гуфтаи Тӯраев, Раҳматилло, писари калони Бобоқулова охирҳои моҳи ноябр аз Маскав баргашта буд.

Гулчеҳра Бобоқуловаи 38-сола дар куштори ваҳшиёнаи Настяи чорсола муттаҳам мешавад. Ӯ 29 феврал дар метрои “Октябрское Поле” дар ҳоле боздошт шуд, ки сари буридаи Настяро дар даст дошт. Расонаҳо баъдан навиштанд, ки ин зан дар хиёбони “Народний Ополчения”-и Маскав ба ҳайси парастор фаъолият мекардааст ва сари тарбиятгирандааш - Настяи 4-соларо ба таври ваҳшиёна бурида, манзилро оташ задааст.

Чоршанбеи 2 март Додгоҳи Маскав Бобоқуловаро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Дар оғози мурофиа ба суоли хабарнигорон дар мавриди сабаби даст задан ба ин ҷинояти мудҳиш Бобоқулова изҳор доштаст, ки Худо фармуд. Ӯ зимни мурофиа иттилоъ додааст, ки аз шавҳари аввалаш 3 писар аз 16 то 20-сола дорад, ки ҳоло ҳамаашон дар Узбакистон зиндагӣ мекунанд: “Шавҳарам баъди таваллуди фарзанди сеюм маро ба кӯча ронд. Фарзандонам дар ҳар тараф зиндагӣ мекунанд. Яке бо шавҳари собиқ, дигаре бо хоҳари ӯ ва сеюмӣ бо падари ман зиндагӣ мекунанд. Онҳо маро ба кӯча ронданд. Магар ин аз рӯи одамгарист?”.

Расонаҳои Русия навиштаанд, ки Бобоқулова дар Маскав бо як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзистӣ доштааст ва феълан ӯ яке аз таҳрикдиҳандагони Гулчеҳра ба ин ҷинояти мудҳиш арзёбӣ мешавад: “Кофтукоби ҳамзисти Бобоқулова ва дигарон, ки ӯро ба ифротгароӣ моил кардаанд, идома дорад”.
Мӯҳр
Ин сар то аввал дуруг аст.Ин зан бо ягон тоджик сару кор надошт ва хама ин суханхоро адвокати ин зан сохтааст!!!!Чанде ба хама малум аст ки мо бе сару сардорем дар ФР ва чикоре мехохан бо шавхардони тоджик мекунанд!!!!

Вой бар холи милати азизам, ки гуноха ки мекунаду гапа ку мешунавад. кучоан он чавонони фаъол ки паси дархои сафоратхо мурочиат таксим карда мегаштанд. Ё худ "Аблахе аз бом фитад, гардани мо бишканад"
Ин душманони миллати Точик ходисаро ба тарзи худ расонаи карда истодаанд, кучоед нависандахои Точик дар ин даврони чанги иттилооти!

Фанатик
Агар зани Бен Лодин хам,ки мешуд,ислом инчо рол намебозад.Холо хамааш ошкор мешавад.Наход шавхараш точик бошаду мусулмон,ба у фармояд,ки кудаки фалачро куш.Беакли. Агар точик кудаккуши мекард,дар кучахо даххо кудакро мекушт.Ин хани котил,холо нафахмида истодааст,ки дар кадом холат аст!

Чаро дар ин бора хукуматдорони мо хомушанд? Дидед, ки хукумати Узбакхо чи хел кор бурда истодаанд. Холо ин гунохро коре мекунанд, ки ба гардани мо точикон мезананд. Хайр агар точик бошадам, чи? Агар дар руи чахон ки точик бошад, гунохе кунад, мо Точикистониён гунахкор мешавем. Бояд гуфт, ки тарбияи хар фард дар гардани волидайнаш аст ва тарбияи шахрвандон дар гардани хукуматаш. Касе ки набошад шахрванди узбак аст. Озодагон ба ин казия бояд бепарво набошед. Бояд аз МИД кумитаи мухочирон ва хукумати кишвар талаб намуд, ки дар ин бора хомуш наистанд! Холо он точиконе, ки бо у шинос буданд, ёфта мурдаи Ленина ба гарданашон мезананд. Боз хам узбакхо худро нишон доданд.

Коркунони амнияти Узбакистон бе шубха дар як шабонаруз Гадоеваро таёр намуданд, то он кас куллан ин дояи узбаки одамкушро ба Точикон рабт кунад, ва ба тамоми ахбороти оммаи Русия хабар дихад, ки Точик аст ва бо Точикон сару кор дошт.

Салом
Охир фарк надорад точик буданаш,гап сари он аст,ки шахрванди Узбакистона аст.Чавобша мета Узбакистон! Шавхараш ё каси дигар ба ин кор уро водор карда бошад хам, Чавобша худуш мета.

саттор
Кавораи ин зан Узбакро мемонад, хеч буе аз чехраи ба точик наздики надорад!

Узбакберди
Ба афти у нигаред,о чи хел вай точик будаст??? Узбаки тапа тайер ку. Ба каримуф сахт монанди дорад.

Аз ин русхо скоро тамоми дуне ру мегардонад. Ин хел миллати нацист дигар дар дуне нест. Шармандаги модоме,ки замини точикон будани Самарканду Бухороро хамаашон рад мекунанд имруз ки одам кушт миллаташ точик шуд. Шармандагии русхо. Боз албат Алишер Усмонов пулшон ваьда кардааст. Сад афсус ки чунин замона шудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)