Бахшҳо
10 мар 2016 13:28Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Задухӯрд дар марз як куштаву ду захмӣ бар ҷой гузошт

Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз як задухӯрди маргбор дар марз бо Афғонистон хабар медиҳад.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, соати 23:20-и чоршанбеи 9 март дар асоси маълумоти фаврӣ наряди сарҳадӣ бо гуруҳи фаврии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддиро пешгирӣ карданд.

Ба иттилои ӯ, “ҳангоми гузаронидани амалиёт, гуруҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон иборат аз 6-7 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд. Ба амри сарҳадбонони тоҷик, қочоқчиён итоат накарданд, ки байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд”.

Ҷаноби Улуғхоҷаев мегӯяд, дар пайи ин муқовимат як қочоқчии афғон кушта ва ду нафари дигар захмӣ мешаванд: “Афроди боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд”.

Сухангӯи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон афзуд, муайян шудааст, ки қочоқчиён сокинони Ҳазрати Бӯстон ва Лоламайдони дарқади вилояти Таҳори Афғонистон мебошанд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса тақрибан 50 кило маводи мухаддири ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АК-қутраш 12 мм бо 1 тирдон ва тирҳояш истеҳсоли хориҷи мусодира шудааст.

Ин задухӯрд дар ҳолест, ки бино ба иттилои расмӣ ҳафтаи гузашта қочоқбарони мусаллаҳи афғон аз минтақаи Хоруғ то Панҷ 4 бор қасди марзшиканӣ кардаанд. Ба иттилои манбаи “Озодагон” дар Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ, субҳи 5 март дар амалиёт алайҳи гуруҳи 9 нафарии Мирафзал валади Арбоб Шерафзал, ки дар минтақаи Панҷ қасди марзшиканӣ дошт, Суҳроб Сафолов, марзбони 23-солаи тоҷик ҳалок гардид: “Зимни амалиёт мулло Фасҳиддин валади Қурбон, узви гуруҳи мусаллаҳ ба ҳалокат расида, узви дигарашон маҷруҳ шуд”.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон хабар доданд, ки 7 март амалиёт алайҳи ин гуруҳи марзшикан дар ҷангалзорҳои наздимарзии минтақаи сарҳадии Панҷ идома ёфт ва 2 узви гуруҳ боздошт шуд.

Дар баробари ин манбаи “Озодагон” дар мақомоти марзбонӣ иттилоъ дод, ки ду ҳолати марзшиканӣ дар минтақаи сарҳадии Хоруғ ба қайд гирифта шуд, ки яке бо фирор ва дигаре бо марги як марзшикан анҷом ёфт: “Шаби 2 ба 3 март дар ноҳияи Рӯшон миёни марзбонҳо ва марзшиканон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа як марзшикан нобуд гардида, шариконаш фирор карданд. Аз ҷои ҳодиса силоҳ ва маводи мухаддир дарёфт шуд”.

Ҳодисаи чорум дар минтақаи сарҳадии Шӯрообод сабт гардидааст, ки он ҳам бо фирори марзшиканҳо ва дарёфти 37 кило маводи мухаддир аз ҷои ҳодиса анҷом ёфтааст.
Мӯҳр
мухочир
Авгоно тарафи киргизо узбако туркмано намерафта бошан бо хамзабон меган худшона

99
"тирҳояш истеҳсоли хориҷӣ"??? Чӣ маънӣ дорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)