Аз Душанбе то Гавана: Духтари 2 сола-донандаи пойтахтҳо (ВИДЕО)
Арина Шулгевич, духтари 2-солаи украинӣ дар барномаи телевизионии “Истеъдодҳои Украина” бо ном бурдани пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳон доварон ва тамошобинонро ба ҳайрат гузашт. Арина, ки нав ба сухан гуфтан оғоз кардааст, ба суолҳои доварон, ки талош карданд, суолҳои нисбатан мушкил диҳанд, посухҳои дуруст дод. Доварон баъди посухи Арина дар бораи пойтахти Тоҷикистон, Украина, ИМА, Кения, Мозамбик, Гондурас, ИМА, Эквадор, Непал, Венесуела, Ҳиндустон, Ветнам, Куба, Зенландияи Нав, Лубнон ва чанд кишвари дигар ӯро ҷавонтарин истеъдоди Украина хонданд. Навори посухҳои Арина ба доварон давоми се рӯзи ахир дар интернет садҳо ҳазор тамошобин пайдо намуда, аксари корбарони калонсол иқрор шудаанд, ки ҳатто аз 5 як қисми пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳонро намедонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |