Бахшҳо
31 мар 2016 14:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ш.Зуҳуров: Аз макотиби олӣ дида, ба мактабҳои касбу ҳунаромузӣ бештар диққат диҳед

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, бояд ба таълимгоҳҳое, ки ба касбу ҳунаромузӣ машғуланд, диққати бештар дода шавад.

Шукурҷон Зуҳуров
чоршанбеи 30 март дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба дунболи қабули Протокол оид ба тағйиру иловаҳо ба созишномаи Тоҷикистону Қазоқистон роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт, дар ҳоле ки мутахассисони зиёди омоданамудаи мактабҳои олии кишвар ҷой кор намеёбанд, беҳтар аст ба мактабҳое таваҷҷуҳ шавад, ки ба ҷавонон касбу ҳунарҳои гуногун меомӯзанд. Ӯ таъкид намуд: “Баъди солҳои зиёд ба ҳамин хулоса омадам, ки аз он диққате, ки ба мактаби олии имрӯз медиҳем, яъне мутахассисонеро тайёр мекунем, ки қисми зиёдашон ҷой кор намеёбанд, аммо аз буҷет пул сарф мекунем, беҳтар аст, ба литсейю колеҷҳое диққат дода шавад, ки ба ҳунаромузӣ машғуланд”.

Раиси Маҷлиси намояндагон бо хитоб ба Нурулло Раҳматуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, ин масъаларо баррасӣ намоянд ва талош кунанд, таваҷҷуҳ ба таълимгоҳҳои ҳунару касбомӯзӣ бештар гардад: “Ба ин кор машғул шавед, пешниҳодҳо кунед. Аз 10 пешниҳод 5-6 тоаш ҳам гузарад, аллакай дар ҳукумат пешравӣ мешавад”.
Мӯҳр
ilhom
rahmati kalon zuhurov fikri olijanob

росия
ин масъаларо вазорати маориф бояд 10 сол пеш медид. пешниход мекунам, ки институти комерческий ва налоговий (иктисоди) ба литсейи хунар табдил шаванд. 70-80% хатмкардахои ин донишкадахо дар русия мардикор хастанд, аммо бе хунар, мешавад бесавод хам гуфт. чаро ки дар ин ду даргох аслан аз фанхои дакик, хисобу китоб меомузанд, аммо м2-ро аз м3 фарк намекунанд. барои хачми корашон акт вып-работ составит карда наметонанд. чи даркор ингуна институт? чи даркор 5 соли хаётро зоеъ кардан?

Беақл
Ҳоло ҳам дарк карда бошед, худоро шукр.

равф
Ин ба сирк монандщудаса

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)