Бахшҳо

Сафорат: Тахтаи зери пои се муҳоҷири тоҷик шикастааст

Сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия муайян кардаанд, ки се муҳоҷири сарозершудаи тоҷик аз ошёнаи 14-ум дар шаҳри Санкт Петербург сокинони ноҳияи Исфара будаанд.

Тавре аз сафорат ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳалокшудагон Мардонов Аёмиддини 23-сола, Ҳасан Сиддиқовичи 24-сола ва Файзиев Хушбахтҷон Неъматҷоновичи 22-сола, сокинони ноҳияи Исфара мебошанд.

Манбаъ афзуд, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни боздид аз ҷои ҳодиса маълум кардаанд, ки муҳоҷирони марҳум дар болои як тахтаи зинапояи сохтмонӣ дар ошёнаи 14-ум хишт чиндаанд ва ин тахта зери пояшон шикаста, ҳар се ба поён сарозер шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, додситонии Санкт Петербург аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, феълан тафтишот идома дорад: “Намояндаҳои Тоҷикистон қазияро пайгирӣ доранд ва баъди анҷоми расмиёт масъалаи интиқоли ҷасади муҳоҷирон ба Ватан ба миён гузошта хоҳад шуд”.

Субҳи имрӯз расонаҳои Русия иттилоъ доданд, ки се ҷавони тоҷик шоми 14 апрел аз ошёнаи 14-ум дар ноҳияи Калинини шаҳри Санкт Петербург сарозер шуда, ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои расонаҳои русӣ фоҷеа тақрибан соати 19:00 дар ҳудуди маҷмааи истиқоматии “Фламинго” дар хиёбони Маршал Блюхер рух додааст.

Бар асоси фарзияи пешакӣ, муҳоҷирони тоҷик, ки дар ширкати “Капстрой” кор мекардаанд, ҳангоми корҳои сохтмонию васлкунӣ сарозер шуда, ба ҳалокат расидаанд. Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, таҳқиқи ин ҳодиса оғоз гардидаст.
Мӯҳр
то ба кай мардуми мо дар гариби бо тарзхои сангин ба халокат мерасанд ? ин мардум тамоман аклашонро хурдаанд хомушанд . ман хайронам хусусан ба хамон падару модароне ки фарзандонашонро аз даст додаанд. худовандо чои ин чавононро чанат гардон. хамдардии худро ба ахли оилаи ин чавонон сидкан баён мекунам.

Чи балои ба сари мо тоҷикон омадай худованд моро аз шарри манон нигаҳ дорад.

рухататон шод бошад чоятон чанат бигардат бародарои нокоми мусофирам.. зиндаги тамини рузгори оила гуфта худатонро курбон кардет ба Худо касам хар гохе фавти чавонхоро дар мусофири мебинам дилам реш мешавад Худоё давлати моро давлати пешрафта бигардон бигзор хама дар канори ахли оилааш кор кунад...дар хонадони хеч точик умуман тамоми халкхо мотаму чудои набошад..ватанамон тинчу ором бошад порахурхо,бепарвохо ба инсоф ояд.омин

Akif
Барои чи мардум хап мешинан дар хамин 1мохи охир кариб ки хар руз як ду точик мурдестай дар шахрхои россия, ин порахурхора парвошон нест

nabi farhor
Дуо мекунем, ки Худованд ин ватани моро як давлати таракикарда гардонад то,ин ки чавонони мо ба мухочират нараванд.

Ҷонам фидои ин бародар ои муҳоҷир. Иншоаллоҳ умеди раҳмати Иллоҳиро дорем

инна лилох ва инна илайхи рочиун мо аз тарафи худоем боз басуи у бармегардем.сабри чамил ба хонадони онхо мехохам .

Tohir
Koshki muhojiroi javon ba kor nevu baroi khondan meraftand. baadi 10-15 sol pesh meraftem, ghulomi yoki mardikori boy mekard qavmi yahudro boy mekard/
Khudovand javononi ghurramargro rahmatu maghfirat kunad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)