Бахшҳо

Куштор барои харбуза: Маҳкумияти Ҷурабек Муродов ва гуруҳи ҷиноии ӯ

Суди Олии Тоҷикистон гуруҳи 6 нафариро, ки ҳангоми истироҳат дар лаби дарёи Кофарниҳон барои харбуза як истироҳаткунандаи дигарро дар ҳамсоягияшон куштаанд, аз 2 то 24 сол равонаи зиндон кард.

Тибқи иттилоияи додситонии кулли Тоҷикистон гуруҳи шашнафарӣ - Софаев Комил, Азизгиев Давлатёр, Шомуддинов Алишер, Муҳабатов Ҷамшед, Файзуллаев Шавкатилло бо мошини “Опел-Зефира”-и Ҷурабек Муродов шоми 13-уми июли соли гузашта дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат барои истироҳат ба соҳили дарёи Кофарниҳон рафтаанд: “Ҳангоми оббозӣ нӯшокиҳои спиртӣ ва воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро истеъмол менамоянд ва дар ниҳоят ба қатли шаҳрванд Надиров Саидатор даст мезананд, ки дар масофаи 40 метр дуртар аз ин гуруҳ истироҳат доштааст”.

Манбаъ афзуд, ки ин гуруҳ бо роҳбарии Ҷурабек Муродов марҳумро барои харбуза куштаанд: “Муродов Ҷурабек дар ҳолати сархушӣ аз шарикаш Азизгиев Давлатёр талаб намудааст, ки рафта аз Надиров Саидатор барои ӯ харбуза биёрад. Надиров Саидатор як қисми харбузаашро ба ин гуруҳи ҷавонон додааст. Баъди чанде Муродов бори дигар Софаев Комилро барои харбуза равон кардааст. Софаев назди Надиров рафта, суҳбат кардааст, аммо харбузаро талаб накарда баргаштаст”.

Додситоннии кулли Тоҷикистон мегӯяд, баъди он, ки Ҷурабек Муродов дид, Софаев бе харбуза баргашт, бохашм назди Надиров рафта, муноқиша кардааст: “Дар пайи муноқиша Муродов бо ресмони синтетикӣ Надировро буғӣ кардааст. Азизгиев Давлатёр ва Софаев Комил бо талаби Муродов барои муқобилият нишон надодани Надиров пой ва зонуҳои ҷабрдидаро доштаанд”.

Дар пайи куштор ин гуруҳи сенафарӣ се шарики дигарашонро назди худ даъват карда, барои пинҳон кардани ҷиноят ҷасади Надировро аз назди соҳили дарёи Кофарниҳон тахминан 35 метр дуртар бурда, дар дохили чуқурие бо истифода аз коғаз ва сӯзишвории “бензин” оташ задаанд.

Додситонии кул мегӯяд, ин қазия дар пайи таҳқиқот ошкор шуда, бо ҳукми Суди Олӣ Муродов Ҷурабек ба 24 соли зиндон, Софаев Комил ва Азизгиев Давлатёр ба муҳлати 23 солӣ аз озодӣ маҳркум шудаанд. Манбаъ афзуд, ки инчунин барои пинҳон доштани ҷинояти махсусан вазнин Муҳабатов Ҷамшед ва Шомуддинов Алишер ба 3 солӣ ва Файзуллаев Шавкатилло ба 2 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Мӯҳр
Озодагони мухтарам то шархи холро хонда фахмиданам кариб буд гурдакаф шудаме хай муродов чурабек менавистед бехтар мебуд

Беақл
Ин гуна ҷинояткорро якумрӣ суд кардан даркор.
Аз ҳаққи авф ҳам маҳрум бояд шавад.

Ман низ хаёл кардам, ки ин Чурабек Муродови хофизи номдори мо. Акалан соли тавалудашро менависед.

nabi farhor
Ман низ хаёл кардам хамон хофизи номии мо ба ин кор даст задааст.Давомашро дар кавс мегирифтед.Озодагон аз шумо эхтиромона хохиш дорам дурустар нависед то мо хонандагони доимии шумо сарфахм равем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)