Бахшҳо

Иззат Амон сарпарастии модари танҳомонда бо 5 кӯдакро ба уҳда гирифт

Иззат Амон, раҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар Русия сарпарастии Дилбар Гургова, модари танҳомондаи 5 фарзанди ноболиғро ба уҳда гирифтааст.

Иззат Амон, ки аз бунёдгузорони фонди “Кӯмак” мебошад, изҳор дошт, ҳар моҳ аз ҳисоби фонд 1000 сомониро барои таъминоти ин хонавода равона хоҳад кард. Фонди “Кӯмак” ҳудуди чор сол қабл барои кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ташкил шуда, ба гуфтаи Иззат Амон маблағгузорони асосияш низ муҳоҷирони тоҷик мебошанд.

Дилбар Гургова, сокини 36 - солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамсари Амрулло Нуров, муттаҳам дар узвият ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим мебошад, ки охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, барои фиристодани фарзандонаш ба мактаб шароит надорад ва мақомот барои ин ӯро ҷарима карданиянд.

Гургова изҳор дошт, ки шавҳараш Амрулло Нуров феълан дар боздоштгоҳ аст ва ӯ имкони молии таъмини чор фарзанди мактабхонашро надорад. Ӯ афзуд, ки додситонии ноҳияи Шоҳмансур алайҳаш бар асоси қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд парванда боз кардааст ва феълан маълум нест, ки ӯро чӣ қадар ҷарима интизор аст.

Ба гуфтаи Гургова масуълини мактаби 48-и ноҳияи Шоҳмансур барои нарафтани фарзандонаш ба мактаб алайҳи ӯ ба идораи пулиси ноҳия шикоят кардаанд. Ӯ изҳор дошт, ки дар хобгоҳи маҳаллаи 9-ум километр ба ивази 485 сомонӣ иҷоранишин аст ва 10 сомонӣ ҳақмузди якрӯзае, ки барои фаррошӣ мегирад, барои таъмини рӯзгори хонаводааш кифоя нест: “Аз мактаб пули моҳона талаб карданд, аммо ман надоштам. Аз ин рӯ дигар фарзандонам ба дарс нарафтанд”.

Ин модари серфарзанд илова намуд, ки аз 5 фарзандаш 4 нафарашон мактабхон мебошанд: “Ду фарзандам дар синфҳои 4 ва 5 ва ду нафари дигар дар синфи 2 таҳсил мекунанд. Бояд як фарзандам дар синфи 3 таҳсил мекард, аммо аз сабаби надоштани шароит аз таҳсил қафо монд ва акнун дар синфи 2 мехонад. Дирӯз маро прокуратура даъват кард ва ман фарзандонамро бо худ бурдам. Худи кормандони прокуратура диданд, ки дар пойи фарзандони ман “шлёпка” буду сумкаҳояшон даридагӣ буданд. Ҳар рӯз сумкаҳояшонро медӯзам, аммо чун фарсудаанд аз мактаб боз ба ҳамон сумкаҳои дарида бармегарданд. Либос надоранд фарзандонам, як шиму костюмро ба навбат мепӯшанд”.

Гургова илова кард, ки шавҳараш феълан дар боздоштгоҳ аст ва аз ҳоли ӯ ҳеч хабаре надорад: “Худам танҳо ҳамин 10 сомониро кор мекунам ва намедонам ягон чиз харам ё пули хобгоҳро диҳам. Аз шавҳарам хабаре надорам, ҳатто шароит нест, ки як бор ба ӯ хӯрок барам”.

Ин модари танҳо дар идома аз ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон кӯмак хоста буд, ки ҳадди ақал хобгоҳро барои ӯ ройгон ироа кунанд, то ӯ ҳақмузди худро барои ғизо ва лавозимоти мактабии фарзандонаш харҷ кунад.

Дар пайи нашри ин матлаб бархе аз хонандагони "Озодагон" ва корбарони интернет изҳор доштанд, ки дар сурати боз кардани суратҳисоби махсуси бонкӣ ба ин хонаводаи ниёзманд кӯмаки худро ироа хоҳанд кард.
Мӯҳр
Гунг.Метро.
Хохари азиз,рафта як суратхисоб дар ягон банк кушо,ба кадри имкон ери мерасонем,иншооллох!Ин ерии мо танхо ба хотири модару мусулмонзан будани шумо аст.Ба хотири фарзандхои хурдсолат.Сангдилону качфикрон фикр накунанд,ки мо низ тарафдори хаму Назарзодаи беал хастем.Аз дасти як беакл сад хона дуд баровардааст гуфтаанд..Дар Душанбе хеч кас ба додат намерасад.Чунки ту хамсари "душмани халк" мебоши.Ин усули муборизаи большевикон аст.Харчанд,ки Сталин,ки худ сагера калон шуда буд,миллионхо кудакони сагирмондаи душманони халкро ба ятимхонахо супориданро фармон дод.Хазорон нафар генералхову киштисозону инженерхову артистону актерхову нависандагону шоирон аз хамон ятимхонахо баромадаанд.Наход,барои 5-нафар фарзанди бепадар шуда(шояд,ки падарашон озод шавад),президент сару кор дошта бошад.Ин кори раиси махалла,директори мактаб ва сарвари интернат мебошад! Ба хар хол як суратхисоб кушо хохарам.Аз мухочирон иншооллох ки ери мерасад!Баьд ба мо маьлум намо!Озодаву чаккону ухдабаро метоби,бо ягон бародарат е хешу таборат ба Москва е Питер бие,уори саробонии кампирхои солхурдаро ба ухда гири мешавад.Холо дар шахри Санкт-Петербург,занону духтарони точик,дар ин борахо худро хело хуб нишон додаанд.Рухшикаста нашав,рахму шафкат,адлу инсофро точикон идрор кардаанду имрузхо аз тарсу аз ночориву дасти норасида,хомуш каноранд.Иншооллох ери мерасонем.

Ин модар адресе номери телефони худашро нависад.Хастанд чавонмардоне ки ба у кумак кунанд.Рости мушкил аст дар ин бухрони иктисоди ичорапулии хона мактаб хуроки кудакон.Набояд ин кудакон аз мактаб дур монанд.Дили онхоро ба зиндагию ба ин сарзамин гарм кардан набошад Худо моро намебахшад.

Раками худро нависанд ман каме бошад ҳам модари серфарзанд будааст ин зан дастгири менамоям

Salomun alaykum.
Okhir agar shavharash har ishtibohe ham karda boshad,in zani bechora va farzandoi maasumi vay chi gunoh dorand?! Bilakhira in yak zan-modar ast va boyad ba dodi vay rasid , chun beehtiromi bar yak modar ba monandi beehtiromi ba kulli modaron hisob meshavad.Umedvorem hukumatdoron yak fikre ba holi in zani tanho bikunand.

hhhhh
AHSAN PRAKUROR HAMON 10 SOMONIRAHAM GIRED BAD TALBANDA SHUD AGAR TALBIDAN NAMONENSHHAAAA
BOVAR KUNED SHARMANDAGIAST KORI MO BA KUJO RASIDAAST

Вой ачабо дилам ба ларза омад. Ин холу ахвол дар асрхои 11-12 хам набуд. Ин чи шуресту ин чи рузгорест дар асри 21!

Гунг.Метро.
Alijon,
Дар Точикистон мукаддастарин дарки инсони-разму шафкат дигар намонлааст.Вакте ки калами ростнавису хакикатнависро мешикананд,забони хакгуро мебуранду рухонии ащ адлу инсоф харф мегуфиагиро ба зиндон мепартоянд,кучо адлу инсоф пайдо шавад?Инсон агар хамаро ба худ кабул насозад хам,манзур,дину оинро кабул насозад,худоро нашиносад,бандаашро напазирад,агар рахму шафкатро аз дили худ дур сощад,у махлук аст,котил аст,чосус аст.Рухониен дар гами ишками худ,шоирону зиеиен дар саргармии чашнворахо,таьрифнависихо,милисахо дар орзуи гирифтани рутбаву вазифахои дилхох,духтурони порагир,устодони днишгох ба киссаи донишчуен менигаранд...

Tojikistoni
Khele alamovar ast, ki Hukumat ba jurmi gunahgor donistani mardumi bechora alaihi onho baikot e'lon mekunad. Voi bar holi mardumi ozordidaamon...,ki hatto davlat dastgiri namekunad.
Khudovand barakati Izat Amonro dahchand bigardonad! Ahsan!

точикистони нав
зинда бошед мухтарам иззат амон чавонмард будаед

Салом ман бароии ин модари гамхору дилсухта бо бародароН ЯКЧОЯ ШУДА БА МАБЛАГИ НАОНКАДАР КОЛОН БАРОИ МАКТАБ ВА ЛИБОСХОЯШ КУМАКИ ХУДРО МЕГУЗОРАМ

Номерои Гургова Дилбар 900 15 56 85
ман ин занро мешиносам дар бозорчаи 9км зелень мефурушад. Чанд руз аст ки нест дар бозорча.Базур ефта пурсидамаш ки номерои телефонта нависам гуфт хов навис агар касе тавонад ердамаш кунад савоби бузург мешавад.

Хайрулло
Барои кӯмак ба ин модар суратҳисоб муҳим нест, метавонед мустақим ба ному насабаш тариқи системаҳои пулинтиқолдиҳӣ назири "Золотая Корона", "Мигом", "Контакт" ва ғайраҳо барояш кӯмак кунед. Гургова Дилбар Тоҷиддиновна. Рақами телефони ҳамроҳ: +992900155685

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)