АКС: Сокинони як бинои кӯчаи Айнӣ баъди заминларза манзилҳояшонро тарк кардаанд

Бештари бошандагони як бинои истиқоматии Душанбе, воқеъ дар назди гардиши Фурудгоҳ бо далели кафидани деворҳояш онро тарк кардаанд.
Сокинони бинои маскунии воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 52/46 мегӯянд, деворҳои ин бино дар пайи заминларзаи рӯзи 17 апрел кафидааст. Мавлуда Муллоҷонова, яке аз истиқоматкунандаҳои ин бино имрӯз, 19 апрел ба “Озодагон” гуфт, қабл аз заминҷунбӣ се ҳафта дар таҳхонаи бино об ҷорӣ буд. “Вақте ба “Водоканал” рафтем, гуфтанд ба “домоуправление” муроҷиат кунед, инҳо гуфтанд, ба “Водаканал” равед. Худамон натавонистем пеши роҳи обро бигирем",-мегӯяд ӯ.
Ба қавли хонум Муллоҷонова, пас аз заминларза, ки деворҳо кафиданд, бештари сокинон аз хавфи тахриб шудани бино манзилҳои худро тарк намуданд.
Ин бино аз се ошёна иборат буда, ҳанӯз замони Шӯравӣ бунёд шудааст. Ба иттилои хабарнигори “Озодагон”, ҳоло деворҳои кафидаи биноро таъмир мекунанд: “Як ҷавони таъмиргар, ки аз худ Абдуқаҳори Абдуҷаббор ном бурд, дар суҳбат ба мо гуфт, ки бо супориши ҳукумати шаҳри Душанбе ҷойҳои кафидаро таъмир мекунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |