Бархӯрди ду “Опел” ду кушта бар ҷой гузоштааст
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ҷануби Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии кишвар, ин ҳодиса душанбеи 18 апрел тахминан соати 12:50 ба вуқӯъ пайвастааст. Ронандаи 38-солаи сабукрави “Опел-Астра”, сокини ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ҷониби шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба як “Опел-Астра”-и дигар, таҳти идораи сокини 33-солаи ноҳияи Хуросон бархӯрдааст: “Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, марди 38-сола ва мусофираш, зани 40-солаи сокини ноҳияи Бохтар, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ мегӯяд, мусофири дигари автомашинаи мазкур зани 61-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |