Бахшҳо

Стратеги №1: Дар харитаи сиёсии “Давлати исломӣ” Тоҷикистон як ноҳияи хилофат пешбинӣ шудааст

Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон аз роҳҳои наву пуртаъсири таблиғи гуруҳҳои ифротӣ дар кишвар ҳушдор додааст.

Ӯ мегӯяд раванди пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони “Давлати исломӣ” роҳҳои нави таблиғу ташвиқи андешаҳои худро миёни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Оқои Холиқназар дар як суҳбати ихтисосӣ бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, маҳз ҳамин равиши таблиғотии соддаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии гуруҳҳои ифротгароӣ ба ҳисоб меравад: “Идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, пеш аз ҳама, бар зидди идеологияи миллӣ, Ватани аҷдодӣ, истиқлолияти давлатӣ ва мардуми мо равона шудааст”.

Раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ дар бораи тарҳ ва харитаи сиёсии ба ном “Давлатӣ исломӣ” ва дигар гуруҳҳои ифротӣ ибрози назар намуда, гуфтааст, дар он харита Тоҷикистон ҳамчун як ноҳияи хилофати ин гуруҳ пешбинӣ шудааст: “Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гуруҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби “хилофати ягонаи исломӣ” дохил гарданд ва ҳамчун як ноҳияи “хилофат” ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар таркиби “хилофат”-и худ маҳв менамоянд. Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, низомномаҳо ва маводи таблиғотии гуруҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст. Созмони ифротгарои “Давлати исломӣ” бошад, харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад. Агар ба ин харита нигарем, дар он ягон давлати мустақил вуҷуд надошта, тамоми минтақаҳо ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон, аз ҷумла, давлати мустақили мо, ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ин хилофат пешбинӣ ва нишон дода шудаанд”.

Ӯ яке аз муҳимтарин барномаҳои гуруҳҳои ифротиро аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон унвон карда, гуфтааст: “Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гуруҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад. Яъне, ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ хоини Ватан ва миллат мешавад”.

Ин таъкиди Худойбердӣ Холиқназар дар ҳолест, ки моҳи декабри соли сипаришуда низ ӯ дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе таъкид карда буд, ҷалби бештари ҷавонон ба созмони террористии “Давлати исломӣ” тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад ва сайтбандиҳо дар Тоҷикистон як таҷриба алайҳи ин раванд мебошад.

Ба омори расмӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия меҷанганд, аз 1000 нафар бештар аст.
Мӯҳр
Барои ҳар як фарди солимфикр маълум аст, ки қисмат намудани ҷомеа аз номи дин ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, чӣ натиҷаи баде хоҳад дошт. Онҳое ки имрӯз аз номи ислом сухан мегӯянд ва худро ҳомии ислом вонамуд мекунанд, тамоман мақсадҳои дигар доранд. Мехоҳанд мардумро бо исломи пок фирефта, ба ҳадафҳои ғаразноки дунявии худ расанд, аммо дар асл манфиати ислому муслимин барояшон ҳеҷ аҳаммияте надорад.
Ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ботил, бахусус аз даъватҳои пардапӯшонаи тафриқаангез фирефта нагардем ва ватани худро тинҷу осоишта нигоҳ дорем. Нагузорем, ки фазои сулҳу суббот ва ваҳдатофари мо, ки аз нури хуршеди истиқлол мунаввар гаштааст, тира гардад.

Некруз хеле хуб кайд карди ман комилан хамфикри суханхои ту хастам бигзор бигзор ватанамон ободу дини поки ислом аз хурофотхо пок асли исломро бояд ба чавонон тавасути шабакахои давлати омухт то мардум бидонанд ислом чист ва чи мехохад..

nabi farhor
Мо точикон дигар бесавод нестем,ки ягон гурух моро фиреб диханд.Окои Холикназарзода кайд накардед бухрони иктисоди кай ба охир мерасад.Агар чойхои кории доими бошад,мо ба бовари гуфта метавонем,ки чавонон на дузди мекунанд,на ба ягон гурух мепайванданд.Рохи пешгирии ин чойхои кори доими мебошад.На тиру туп.

Бег
Хамаи шабакахоро бандед,гайр ТВ як!

Содиқи Солим
Аз суханҳои ин стратег кӣ чизи тоза ёфт? Гапои шаблоние, ки даҳҳо бор мо аз расонаҳои дигар хондаем ва ҳатто таҳлилҳое, ки Холиқназарзода хонад ҳзам онҳоро намефаҳмад. Ин одам фақат такрор мегӯяд, аз замоне ки раиси МТС шуд, дари ин идора ба руи омма ва таҳлилгарон пӯшида шуд. Аз дасти собиқ оппозитсионер ҳамиқа меояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)