Бахшҳо
16 май 2016 09:10Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Имзои 6 созишномаи нав ва умеди Тоҷикистон ба ҷалби сармояи Кувайт

Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар ҳузури сарони ҳар ду кишвар 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон 15-уми май зимни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт теъдоди созишномаҳои ҳамкории ду кишвар ба 17 адад расиданд. Манбаъ дар қатори 6 санади нав аз ҷумла номбар кард:

- Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб;

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо амири Кувайт изҳор доштааст, ки табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи олию баланд омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт мебошанд: “Баргузории Машваратҳои сиёсии доимӣ василаи дигари рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид ва пешниҳод шуд, ки ин иқдом дар оянда низ дастгирӣ ёфта, ҳамасола баргузор шаванд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин дар мулоқот бо масъулини дигари Кувайт бо зикри имконот ва таҷрибаи беҳамтои Кувайт дар бахши сармоягузорию соҳибкорӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки иқтидору имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб истифода гардида дар ояндаи наздик тарҳҳои муштараки зиёд дар соҳаҳои афзалиятнок- энергетикӣ, нақлиёт ва ифрасохтор амалӣ хоҳанд шуд.
Мӯҳр
Гунг.Метро.
Кувейт давлати хурдтарини дунеи араб аст.Масохаташ,17 -хазору 800-километри квадрати.Вилоятиатлони Точикистон масохаташ,24-хазору 800-километри квадрати.Кувейтихо факат маблагхои худро дар бонкхои амрикову Бритоние нигох дошта фоизи изофа ба даст меоранд.Бехтарин раккосахои майдонхои нури чарогону дурахшони шабоегоххои Кувайт,занхои лубнони ва булгорихову македонихо мебошанд.Ракси думба,ракси сина,ракси гирди нофро нихоят бо таври хоса ичро менамоянд.Раккосахои узбеку точик ончо рох намеебанд,е раксида наметавонанд,е кадбаланду кобилу аз чихати фигураву варзиш ноухдабароянду дархол туьмаи мардони ташнаи шавхатзадаи биебони тафсон мешаванд.Онхо дар ончо кабзахои долларро ба сари раккосахо мепошанду кайфк сафо мекунанд.Аз хисоби нафть.Дар вилояти Хатлони Точикистон,чиновникхо аз хисоби фуруши заминхои давлати,ба дехконони мухточ, гох гох ба тарабхонахо мераванд.Холо пулпартоии онхоро ба сари раккоса касе надидааст...кризис..бародаро...кризис.

Ман имруз аз як шахси масъули хукумат шунидам, ки дар ин сафар, президент барои коркарди маъданхои киматбахо бо давлати Кувайт шартнома бастааст. Яъне боз конхои махсулоти киматбахо барои хамешаги 25-дар 75 ба Кувайт такдим мешудааст. Ман умри худро дидам. Ояндаи фарзандонамонро ба назар гирифта аз хаммаатон илтимос мекардам, ки ба ин рох надихед. Чунки ин конхо рузе тамом мешавад ё ин ки то охирин махсулоташ аз они дигарон мешавад. Говро ба мардум нафурушед , балки говро худатон нигохубин кунеду ширу гусолаашро фурушед. Агар говро фурухтед дар як мох пулаш тамому дигар на шир хасту на гусола. Ман содда карда навиштам. Бигзор Кувайт ба мо завод созаду мутахасис таёр кунад ва пулашро 2- карата гирад вале конхо дар ихтиёри худамон монад. Рузе карз буд мешавад ва боки кон ба фоидаи давлату халк хизмат мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)