Бахшҳо
17 май 2016 11:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пулгирии “Полковник” ва Холова барои қабул ба Донишгоҳи тиббӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Холова Тоҷиниссо, як сокини шаҳри Душанберо, ки барои дохил намудани довталаб ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон 14 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст, ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 16 май ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Холова Тоҷинисо Саъдиевна моҳи июли 2015 бо маслиҳати пешакӣ бо “Ислом” ном шахс, бо тахаллуси «Полковник» ба боварии шаҳрванд Чиниев Ф.Х. даромада, аз ӯ барои дохил намудани шиносаш ба Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон 14 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд.

Ба иттилои додгоҳ дар мурофиа Холова гуноҳашро эътироф карда, изҳор доштааст, ки воқеан аз Чиниев 14 ҳазор доллар гирифта, 7 ҳазор долларро барои пардохти қарзи бонкияш сарф карда, нисфи дигарро ба шиносаш “Ислом” бо тахаллуси “полковник” додааст. Манбаъ афзуд, Холова изҳор доштааст, ки бо “Полковник” соли 2013 дар тарабхона шинос шудааст. Маҳкумшуда ваъда додааст, ки талош мекунад, дар рӯзҳои наздиктарин зарари расондаашро ба Чиниев ҷуброн кунад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар пайи баррасии қазия Холова Тоҷиниссоро бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, -қаллобӣ гунаҳкор дониста, дар баробари 8 соли зиндон, ӯро барои 3 сол аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ маҳрум кардааст.

Аммо дар иттилоияи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ҷазои “Полковник”, ки тибқи шоҳидии Холова яке аз дастандаркорони ҷиноят будаасту нисфи маблағро гирифтааст, чизе гуфта нашудааст.
Мӯҳр
Сорбони Ошик.Нева
14- хазор доллари амрикои? Пора?Барои ба донишкадаи тибби дохил кардан?
..Боз мегуем,мо камбагалу нодор хастем?Чиниев,магар аз худат бовари дошти,ки муддати 6-сол дар донишкадаи тибби тахсил намои?Барои ба ин донишкада дохил шудан,танхо доштани кабзазои доллар хело кам аст.Бояд аз замони бачагиат худро тайер куни,дар мактаби миена бо бахохои хубу аьло хонда бошиву захмату мушкилихои табибиро тассаввур сози.
Чи лозим буд ин кадар маблагхои доллариро сарф кардан?Агар аз хамин микдори доллархо,ними онхоро оварда,ба ягон донишгохи тиббии шахри Санкт Петербург ,тарики суратхисоби донишгох месупориди,туро аввал ба шуьбаи тайерии ин донишгох кабул карда,дар давоми кариб як сол забони русиро меомухтанд.Боз ба хучраи чои хоб таьмин мекарданд,аз хисоби хамон маблагхои додаат.7-хазор доллари дигарашро,дар хисоби шахсии худ,дар бонк нигох медошти,шохона руз мегузарониди.Хобгоххои тозаву озода,бархаво,гулгашту хиебонхо,духтарони паричехра,чавони,донишчуи,як сония барк кать намешавад,тамоми намудхои наклиет,шахри мунаввару чарогон,метро,трамвай,троллейбус,хуроквори
хои арзон,либосхои муди замонави.Арабхову зангихои Шарки Наздику африкоихову афгонхову мугулхо ,хиндухову покистонихо омада,тахсил карда,забони русиро ед мегиранд,тахсил мекунанд,касб аз худ мекунанду хатто оила барпо мекунанд,чиниюфхо барин духтуршавхо кабзахои долларро ба хаво сар медиханд.Духтуршав,ки кадамхои нахустро аз поралехи огоз кард,то охири умр порагиру харис мешавад..
Хайф,хайфи кутохфикриву беандешаги.

саволе ба миён меояд, ки оё донишчуе, ки ин микдор пулро барои дохилшави додааст ва якинан давоми 7 соли хониши ин донишгох боз пули зиёдеро харч менамояд, баъди хатми донишгохи тибби, бе ришваситони аз халк, бо чунин маоше, ки хозир кормадони сохаи тиб доранд, пули харчкардаашро кор мекарда бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)