Бахшҳо
24 май 2016 08:17Тоҷикистон / Сиёсат

Медали вазири дохилии Русия ба Рамазон Раҳимзода барои кумак дар парвандаи Гошт

Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия кумаки Тоҷикистонро дар боз кардани ҷинояти куштори Андрей Гошт, корманди мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия ва аҳли оилаи ӯ дар вилояти Самара олӣ арзёбӣ кардааст.

Владимир Колоколтсев, ки Душанбе қарор дорад, ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон барои кумак дар ин қазия нишони “Барои ҳамкориҳои муборизавӣ” тақдим кардааст, хабар медиҳад торнамои расмии ВКД-и Русия.

Владимир Колоколтсев дар садри як ҳайати Вазорати умури дохилии Русия ҷиҳати иштирок дар Мушовараи навбатии якҷояи Вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия 23 май вориди Душанбе шуд. Ин мушовараи 18-уми ВКД-ҳои ду кишвар шурӯъ аз соли 1998 ба шумор меравад.

Мақомоти Русия шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон -- Аҳмадов Маҳмадалӣ Баротовичро дар ташкили қатли Андрей Гошт, сардори пулиси шаҳри Сизран ва 5 узви хонаводаи ӯ муттаҳам медонанд. Ин ҷиноят шаби 24 апрел дар деҳаи Ивашевка содир шудааст. Ин иниҳод гуфта буд, ки Аҳмадов ба Тоҷикистон фирор кардааст. Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъдар иттилоъ дод, Маҳмадалӣ Аҳмадов худаш ба ин ниҳод ҳозир шуда, иброз доштааст, ки воситаҳои ахбори Русия ӯро дар куштори оилаи Андрей Гошт гумонбар донистаанд: “Ӯ таъкид намуд, ки ӯ дар ин ҷинояти вазнин даст надорад ва барои гуфтаҳои худро собит намудан ба Русия бармегардад”.

Аммо вақте ба Русия баргашт боздошт шуд. Аз ин пештар мақомоти Русия бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят се зодаи Озарбойҷон -- Роман Фаталиев, Ислом Бобоев ва Орхан Захрабовро дастгир карда буданд.
Мӯҳр
hotam
точикора пачка пачка мекушану вазир медал мегира...

ҲАМСОЯ

ҳақиқат ҳеҷгоҳ пинҳон намемонад
агар ба гуфтӣ ВКД Аҳмадов Маҳмадалӣ Баротович худаш барои исботи бегуноҳи ба Россия рафта бошад пас МЕДАЛ Барои ҳамкориҳои муборизавӣ” ЧИ МАЪНӢ ДОРАД?!

Мехмон
Агар ин чавон гунох медошт барнамегашт. Медал барои чи доданд? Барои Хованское....??

Медал барои таслим кардани шахрвани бегунохи худ ,ки мувофик конуни ЧТ истирдоди шахрвандон ба кишвархои хорича мумкин нест.
Таърих хамаро халу фасл мекунад вакташ ки омад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)