Бахшҳо
30 май 2016 13:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Зуҳуров: Имсол фаъолияти Маркази миллии тестиро вакилон назорат мебаранд

Раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мегӯяд, мардум ба шаффофияти кори Маркази миллии тестӣ бовар надоранд. Шукурҷон Зуҳуров ин нуктаро рӯзи 27 май зимни қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” иброз дошт.

Оқои Зуҳуров гуфт, фаъолияти Маркази миллии тестӣ ҳоло ҳам ба он сатҳе, ки онҳо мехоҳанд, нарасидааст ва бояд корҳое зиёде анҷом шавад: “Шаффофият бояд бошад, мардум умуман бояд донанд, ки чӣ карданашон даркор. Шумо ҳамаи инро дар рӯзҳои аввал хеле хуб сар кардед, фаҳмонидед, солҳои дигар, ки рафта истодааст, як қисм одамон дер мекунанд дар ҳуҷҷатсупорӣ, намедонанд чӣ кор кунанд, ба онҳо намерасонанд ё номнавис мекунанду машғул нестанд. Вазорати маориф бояд ин ҳамаро назорат кунад”.

Ҷаноби Зуҳуров таъкид намуд, ки Маркази миллии тестӣ барои он таъсис ёфтааст, ки фарзандоне, ки дониш доранд бояд тариқи ин марказ ба макотиби олӣ дохил шаванд: “Яъне аз байн бурдани ҳама роҳҳои ғайриқонуние, ки буданд: хешутаборбозӣ, ҷӯрабозӣ, пулдиҳӣ, коррупсия ва ҳоказо. Лекин то имрӯз ҳам мардум бовар надорад ба тозагии ҳамин кор”.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба Бозоралӣ Неъмат, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Хуршед Тешаев, директори Маркази миллии тестӣ гуфт, барои решакан шудани тақаллубкорӣ дар Марказ талош намоянд: “Шумо мегӯед, ки намешавад, мардум фақат одам кофта гаштанд, ки чӣ хел кунем, чӣ кор кунем. Дар андешаи мардум набояд ин гуна фикрҳо бошанд, фарзандонро омода кардан лозим. Бача бояд дониш дошта бошад, ки тестро кор кунад”.

Хуршед Тешаев, директори Маркази миллии тестӣ дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ шаффофу одилона мегузаранд ва тамоми довталабоне, ки дохил шудаанд, бо дониши худ гузаштаанд. Маркази миллии тестӣ мегӯяд, аз замони шурӯи фаъолияти марказ то имрӯз ягон шикоят дар мавриди қаллобӣ ворид нашудааст.

Шукурҷон Зуҳуров дар идома таъкид намуд, ки имсол фаъолияти ин Марказро вакилони Маҷлиси намояндагон зери назорат мегиранд: “Як гуруҳ вакилон ба ҷойҳо рафта мебинанд, ки чӣ мегузарад, бояд зери назорат гирифта бубинем, чунки ҳоло ҳам гапҳои ҳархелае, ки мақсади ташкили марказ аз байн бурдани онҳо буд, аз байн нарафтааст ва баъзан чизҳои нав пайдо шуда истодаанд”.

Дар ҳамин ҳол, аз дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ ба "Озодагон" гуфтанд, аз сӯи вакилони парлумон назорат шудани фаъолияти марказ пешниҳоди онҳо буд: "Қаблан дар ин бора мактуб фиристода будем".


Мӯҳр
Номдор
Ахсан чаноби Зухуров

саид
Барои одами босавод бисьёр системаи хуб мебошад.

мусофир
мухтарам Вакилони мардуми , ин масълахо хали худашона меёобанд..шумо Вакилон ..масъалахои дигарро бинед ...мисол , 1) ба чавонон кор таъмин кардан ...2)Масълаи мухочиратро ба таври фаври дидан даркор аст.....3)дар маркази шахрамон хонахои баланд ошиёнаро сохтумонашонро маън кунед ...не рохи хуб аст не истгохи мошинхо ....не чои хуби маиши баррои кудакон ..Анаи ин праблемаи раками 1 мо мебошад ....айбаст шумо ба болои маркази тест вакти худатона мегузаронед....

ЮРИСТ
ИН МАРДАК АЗ ХУДАШ КИ СОХТА ИСТОДААСТ МАН НАМЕФАХМАМ???
ДИНА КОНУНИ ВАЗОРАТИ КОРХОИ ХОРИЧИРА РУБАРДОР ГУФТ, ХОЛО ИН КИ ДАР ТАНЗИМИ МУНОСИБАТХО БАХУСУС БАЙНАЛМИЛАЛЙ ТАКРОРИ МЕЪЁРИ САНАДИ БАЙНАЛМИТЛАЛЙ ВА Ё ИСТИФОДАИ ПЕШКАДАМ РОИЧТАРИН МЕХАНИЗМ АСТ. НАБОШАД ПАС ЧАРО ДЕПУТАТО БАРОИ ОМУЗИШИ ТАЧРИБАИ ДИГАР ДАВЛАТХО МЕРАВАНД???
ИМРУЗ КОРИ МАРКАЗИ ТЕСТИРО ЗЕРИ ШУБХА КАРОР ДОДА, БЕРУН АЗ ВАКОЛАТХОЯШ НАЗОРАТРО ДОИР КАРДАНИСТ!!! ЧИ ГАП ХУДАШ. Ё ПИЯР КАРДА ИСТОДААСТ ЧЙ????!!!

Адолатхох
Хак бар чониби раис хаст. Чаро натичаи имтихон пас аз якчанд руз эълон мешавад, холо он ки дар тамоми кишвархо уди хамон руз эълон мешавад. Тамоми мардум худи хамон руз медонад, ки ин е он шогирд чанд хол гирифтааст ва шогирдони ин е он мактаб чанд холи ба даст овардаанд. Агар такаллубкори шуда бошад, худи шогирдони мактаб аз ин чихат эълон менамоянд, ки фалони аз руи донишаш хеч гох чунин микдор холхоро ба даст оварда метавонист е не? Яъне, агар натича худи хамон руз дар сайти марказ пайдо шавад ва алакай шогирдон донанд, ки холхои ба даст овардаи онхо барои донишчуй шудани кадом донишгоххо кифоят мекунад, коррурсия худ аз худ аз байн меравад. Бояд ягон донишчуй аз ягон имтиези иловаги ва бофта бархурдор набошад. Агар хамин тавр хам бошад, бояд дар сайт эълон шавад, ки фалон довталаб бо забабхои зайл аз чунин имтиезхо бархурдор аст.

Фирдавс аз Душанбе
Албатта, кишвари мо, ки ба фасодзадагӣ машҳур шудааст, табиист, ки мардум ба ҳама падидаи нав бо назари шубҳа менигаранд. Боз ин ки дар ҷомиаи мо баъзе нафарон одат кардаанд, ки вақти супоридани имтиҳоноти қабулро барои худ мавсими даромади бедардимиён шуморида, ҳамасола даҳҳо нафарро ба доми фиреби худ мекашанд. Бо ҳар роҳ падару модарони дохилшавандагонро бовар мекунонанд, ки бе додани ришват фарзандашон ба мақсад намерасад. Волидоне, ки оянда фарзандашонро соҳибмаълумот дидан мехоҳанд, худашон домани қаллобонро дошта, ба осиёби ҳаромхӯрон об мерезанд. Яъне, имкон медиҳанд, ки ғорат шаванд. Онҳо ҳеҷ фикр намекунанд, ки маблағи ба қаллобдодаашон ёрие карда наметавонад. Аз ҳанноту қаллоб чӣ меравад? Шавад, обӣ, нашавад лалмӣ. Яке бача саводнок бошаду худаш бо дониши комилаш донишҷӯ шавад, корди фиребгар болои равған мешавад. Ба падару модар мегӯяд, ки "бисёр азоб кашидем, сад роҳу воситаро ба роҳ андохтем, то ҷойи ҷонаша ёфтем, ки шири модарамон ба даҳонамон омад. Бачаи камсаводи шуморо кашон-кашон ба сафи донишҷӯён даровардемда." Падару модар ҳатто аз фарзандашон намепурсанд, ки ба кадом саволи тест чӣ ҷавоб додааст. Оё гапи ин қаллоб рост аст ё не? Воқеан, барои чӣ мепурсанд, ки худашон ҳаминро мехостанд? Бо ду дасти адаб маблағи солҳо ҷамъкардаашонро ба "тағо" бароварда медиҳанду мегӯянд, ки насиб бошад, соли оянда ё баъди ду сол ҷияни дигаратон ҳам мактабро тамом мекунад. Розӣ шаведу моро аз ёд набароред. Бовар кунед, порсол ҳамсояи мо худашро ба мисли як гӯсфанд ба дасти қассобе, ки миёнаравӣ мекард, супорида буд. Бачааш дониши хуб дошт. Мегуфт, ки бово, ман ҳама саволҳоро дуруст ҷавоб гардондам. Аммо падараш мегуфт, ки маҳмадоно, шукр кун, ки ман одами зӯри зӯра бароят ёфтам. Баъдтар, вақте ки писараш дар симиестри якум аълохон шуд, нисбат ба "тағо" шубҳа пайдо карда бошад ҳам, аммо илоҷ набуд. Ман ҳайрони мардум.Охир, имсол фарзандатон дохил шуда натавонад, осмон ба замин намечаспадку. Як сол тайёрии нағз дида, соли дигар бо сари баланд донишҷӯ шавад, чӣ мешад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)