Бахшҳо
31 май 2016 11:27Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Маҳкумияти мудири хазинаи "Фононбонк" барои қаллобӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мудири хазинаи "Фононбонк"-ро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба маблағи 58 ҳазору 400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.

Тибқи қарори додгоҳ, мудири маҳкумшудаи хазинаи "Фононбонк" тайи солҳои 2014-2015 аз ҳамкорон, шиносҳо ва мизоҷони бонк бо ваъдаи фоизи баланд дар муҳлатҳои кутоҳ маблағи ҳангуфт гирифта, ба фоидаи худ истифода мекардааст. Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда аз ҷумла аз ҳамкораш Ганҷалов Мирзошариф Ҳусейнович 31 ҳазор доллар, аз мизоҷи бонк мудири ширкати "Дирам" Қаюмов Бобохон Қодирович-181 500 сомонӣ, аз шиносаш Сангов Абдулло Сатторович 3,5 миллион рубл, аз Сангов Баҳром Сатторович 41000 доллари ИМА ва ҳамкораш Камолов Муҳаммадӣ 1 миллион рубл гирифта, изҳор доштааст, ки ин маблағҳоро барои амалиёти бонкӣ истифода мекунад: “Аммо дар асл маблағҳои гирифтаашро ба хазинаи бонк даромад накарда, онҳоро ба эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст”.

Тибқи қарори додгоҳ собиқ мудири хазинаи "Фононбонк" дар баробари ҷарима ба муҳлати 2 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои марбут ба молиёт маҳрум шудаст.

Маҳкумияти хазинадори "Фононбонк", ки моҳи октябри соли гузашта боздошт шуд, дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо инчунин аз боздошти Самихон Қурбонов, раҳбари “Фононбонк” ва яке аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дода буданд. Дар аввал ин боздоштро ба ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим марбут донистанд, аммо баъдан Қурбонов аз боздошт раҳо шуда, парвандаи хазинадораш то додгоҳ рафт.
Мӯҳр
Хоркаш
Суол ин аст ки пули мардумро баргардонд ё не?
Бо ин қадар қарзи мардум ин одам чӣ тур дар рӯи замин роҳ мерафта бошад? Ё ин дело ҳамааш сохта аст?

Хабр
Озодагон ах,сан ба журналистои бесаводи саростема корат хамун матн дах бор худатон хонед баьд чоп кунед! Як Самихон як Самиев мегуед, о бехато чоп кунед мемуред? (Директораш номаш Самихон на Самиев)афсус!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)