Бахшҳо

Эълони рӯзи озодии Ёқуб Салим: Ӯ соатҳоро ҳисоб дорад...

Манобеи муътамади “Озодагон” мегӯянд, то рӯзи раҳоии Ёқуб Салим, вазири пешини умури дохилӣ ва яке аз қумандонҳои собиқи Фронти халқӣ расо се ҳафта боқӣ мондааст.

Мусоҳибони “Озодагон” имрӯз, 31-уми май изҳор доштанд, ки Ёқуб Салим 21-уми июни соли равон аз боздоштгоҳ раҳо хоҳад шуд. Наздикони Ёқуб Салим низ дар суҳбат бо “Озодагон” ин санаро тасдиқ карда, афзуданд, ки ӯ бисёр муштоқи озодист: “Зимни мулоқоти охир, ки ду ҳафта пеш баргузор шуд, бисёр дар ҳаяҷон буд, соатҳоро ҳисоб дошт”.

Эълони санаи озодии Ёқуб Салим дар ҳолест, ки Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон аввали соли равон дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, бо анҷоми муҳлати ҳабс касе ҳақи нигоҳ доштани Ёқуб Салимро дар зиндон надорад: “Пас аз анҷоми муҳлат ӯ озод хоҳад шуд”.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон низ овозаҳо перомуни тамдиди муҳлати ҳабси Ёқуб Салимро рад карда буд. Ҷаноби Шоҳиён таъкид намуд, Додгоҳи олӣ муҳлати ҳабси Ёқуб Салимро тамдид накарда ва ҳеч ниҳоде ҳаққи дароз кардани ин муҳлатро надорад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салим, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва яке аз қумандонҳои Фронти халқиро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам гардид.

Ӯ моҳи июни соли 2014 бо ирсоли як нома ба Додситонии генералӣ ва Додгоҳи олӣ гуфта буд, то анҷоми муҳлати ҷазояш ҳудуди 1 солу 8 моҳи дигар мондааст ва дархост намуд, шартан пеш аз муҳлат раҳояш кунанд, чун вазъи саломатиаш хуб нест. Аммо дархости ӯ беҷавоб монда буд.
Мӯҳр
Худовандо! Моро ба рузи озодии ин чавонмарди чафокашидаи даврон, рузи озодии ВИЧДОН ва рузи озодии СУХАН ва рузи озодии МУХОЧИРОН ва рузи шодии модарону занони хохарони хайрон ва рузи озодии МУСУЛМОНОНОНИ асируфтода дар зиндон ва рузи хурсандии ятимони зиндачудои гирён ва рузи озодии ИНСОН дар Точикистон бирасон!

Худованд ин Шери нара соку саломат ба назди хонавода бо сари баланд баргардона.Жалка дааааа ака дунё хамихел беадолати будаст.. дуогуи ин бародари азиз бошед.

Bandai Khudo.
Chi sukhanoni khubro kaid kardi barodar Zoirsho. Khudovandi subhon in mushkilothoro az sari bandagoni muminash bardord. Va beinsofonro insof dihad. Omiiiiiiinnnnnn.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)