Бахшҳо

Талаби 27 соли зиндон барои се пулиси рус, ки муҳоҷири тоҷикро то марг латту кӯб кардаанд

Айбдоркунандаи давлатӣ барои се маъмури пулиси Русия, ки дар латту кӯби Фаррух Урозов, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, дар маҷмӯъ 27 соли зиндон талаб кардааст.

Кумита оид ба пешгирӣ аз шиканҷа мегӯяд, додситон барои Владимир Гордеев, корманди ҷустуҷӯи ҷиноии шӯъбаи пулиси ноҳияи Солнечногорск нуҳ солу се моҳ зиндони нишомаш шадид ва ҳамкорони ӯ - Станислав Дейкуну Андрей Чернишев нуҳ соли ҳабс талаб кардааст.

Ин маъмурони пулис дар баромадан аз ваколати хизматӣ, истифодаи зӯроварӣ бо истифода аз ҷиҳози махсус ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки ба марги инсон сабаб шудааст, муттаҳам мешаванд.

Нахустин мурофиаи додгоҳии ин се маъмури пулиси Русия рӯзи 19 январ дар Додгоҳи ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав оғоз шуда буд.

Кумитаи зидди шиканҷа қаблан аз қавли Илҳом Алихонов, бародари Фаррух, ки дар парванда ҳамчун ҷабрдида баромад мекунад, навишта буд, бегоҳи 17 сентябри соли 2014 маъмурини пулис ҳамроҳи Светлана, ҳамсоязани онҳо Фаррухро аз хоб бедор карда, ба идораи пулис бурданд. Баъдан муайян шудааст, ки Фаррухро дар таҷовуз ба номуси духтари 6-солаи Светлана айбдор мекунанд.

Илҳом он замон гуфта буд, ки маъмурини пулис ӯро низ ба идораи пулис бурданд: “Он ҷо Фаррухрро дар яке аз утоқҳо латту кӯб мекарданд ва ӯ бо овози баланд дод мезад. Барои чанд лаҳза ҳангоми нимкушод будани дар Фаррухро дидам, ки бо дастони баста хунолуд рӯи фарш буд ва бо забони тоҷикӣ сӯи ман гуфт, ки “дигар тоқат карда наметавонам". Аз ҳама ҳайратовараш он буд, ки фарёди ҷонкоҳи Фаррухро маъмурини дигари пулис, ки аз роҳрави идора мегузаштанд, мешуниданд, аммо чорае наандешиданд".

Дар натиҷаи латукӯб шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18 сентябр дар роҳрави шӯъбаи пулис ҷон бохтааст.
Мӯҳр
Оё мархум дар хакикат духтари 6-соларо тачовуз карда бошад? Агар карда бошад вой бар холаш.

гуреза
Ман аник медонам,ки ин хамсоязани бедиёнат худашро барои алокаи чинси кардан пешниход кардааст, вале Фаррух рад кардааст. Бинобар хамин уро тухмат задааст, ки духтарашро тачовуз кардаст. Чунин ходисахо дар ин мулки бехудо зиёд аст. Чандин чавонон мо бо чунин тухмат пушти панчараанду бархехо бо зарби лату куб дар дар идрпахои пулис куштааанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)