Бахшҳо

Пажӯҳиш: 54 ҳазору 100 тоҷикистонӣ дар ҳоли ғуломиянд

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сатҳи ғуломдорӣ - “Global Slavery Index 2016” миёни 167 кишвар дар мақоми 19-ум қарор гирифтааст.

Ин раддабандӣ, аз сӯи Созмони австралиягии ҳомии ҳуқуқ “Walk Free Foundation” омода шуда, сатҳи ғуломдорӣ дар беш аз 167 кишвари дунё таҳлил шудааст.

Бар асоси гузориши “Global Slavery Index 2016” Тоҷикистон 8 миллиону 482 ҳазор аҳолӣ дорад, ки аз ин 54,1 ҳазор нафараш ғуломвор умр ба сар мебаранд. Соли 2013 ин нишондод ба 23 ҳазору 802 нафар баробар буд.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон зинаи аз ҳама аввалро соҳиб аст, ки 1 миллиону 236 ҳазор аҳолияш дар ҳоли ғуломӣ умр ба сар мебаранд ва дар умум миёни кишварҳои ҷаҳон баъд аз Кореяи Шимолӣ дар ҷойи дуюм меистад. Тибқи ин пажуҳиш дар Қазоқистон 81,6 ҳазор, Қирғизистон 27,7 ҳазор ва дар Туркманистон 15,8 ҳазор нафар дар шароити ғуломӣ зиндагӣ мекунанд.

Теъдоди умумии аҳолии ҷаҳон, ки дар шароити ғуломӣ умр ба сар мебаранд 45,8 миллион нафар арзёбӣ шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014 28 фисад афзудааст. Дар раддабандӣ оид ба ғуломдорӣ дар ҷаҳон номи Кореяи Шимолӣ, Узбакистон, Камбоҷа, Ҳиндустон ва Қатар дар сархат қарор гирифтаанд.

Гузоришгарон Люксембург, Ирландия, Норвегия, Дания, Швейтсария, Австрия, Шветсия, Белгия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Австралия, Зеландияи Навро аз кишварҳои мубориз бо ғуломӣ арзёбӣ кардаанд, ки иқтисоди рушдкарда ва сиёсати устувор дар ин самт доранд.
Мӯҳр
Хайрияте. Точикистони мо низ ачойхои поёнтарин аз яксаду чандум як бор дар чои 19-ум мебаромадааст. Мешудааст ку. Э якчахон ташакур, ки бо сиёсати хирадмандонаи Призеденти кишвар. кахрамони милат, чаноби оли, пешвои милат, президенти точикони дунё ва хоказо, мана мо ба зинаи 19-ум баромадем. Хе кадаша занаду хамеша призидент бошанд

Шукр кардан лозим аст тинчиву амонии сарзамини Ватани азизамон аз ина баъд нашавад. Дар хама кишвари чахон гуломдори хаст. Мехнат куни Худо хохад бехбуди мешавад.

ХЕЧ ГАП НЕ ШУКРОНА КУНЕН ХА ХА ХА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)