Бахшҳо
03 июн 2016 12:52Тоҷикистон / Тема дня

Муаллифи “ДНК-генеалогия”: Бисёре аз узбакҳо тоҷиктаборанд

Профессор Анатолий Клёсов, доктори кимиё дар пайи ташхиси генетикӣ муайян кардааст, ки тоҷикону узбакҳо ҷадди ягона доранд ва шаҷараашон бисёр ба ҳам наздик аст.

Клёсов бо ташхиси гаплатипҳо, ки иттилои биологии меросиро дар бар мегиранд, муайян намудаст, ки ҷадди умумии тоҷикон тақрибан 169 насл пеш, 4225 (±490) сол пеш аз солшумории мелодӣ зиндагӣ кардааст. Тибқи ташхисҳои ин биохимик гаплотипҳои куҳантарин миёни халқҳои Осиёи Миёна ба тоҷикон тааллуқ доранд.

Клёсов дар асоси ДНК-генаолгия муайян намудааст, бисёри узбаконе, ки монанди тоҷикон гаплатипҳои қадим доранд, як ҷадди умумӣ доранд ва таркиби шаҷараашон бо тоҷикон бисёр наздик мебошад. Ӯ ин нуктаро махсус таъкид карда, афзудааст, ки шарҳи инро дар пайи шиносоӣ бо таърихи тоҷикону узбакҳо дарёфт намуд, ки замони миллатсозиҳои замони шӯравӣ ва “узбакизатсия” замони истиқлолияти Узбакистон бисёре аз тоҷикон ҳамчун узбак сабт шудаанду худашонро ба ин миллат марбут медонанд.

Ба гуфтаи профессор миёни гаплатипҳои ташхисшудаи халқҳои Осиёи Миёна, ки таърихи нисбатан нав доранд, бештар паштунҳо ва ду узбак муайян шудаанд: “Дар ин миён ягон тоҷик пайдо нашуд”.

Профессор афзудааст, ба гаплогуруҳи R1a, ки гаплатипҳои нисбатан куҳан доранду аз ориёиҳои куҳан сарчашма мегиранд, бештар тоҷикҳо ворид шудаанд. Клёсов мегӯяд, ташхисҳои генетикӣ муайян намуданд, ки хатти “ДНК”-и бисёре аз тоҷикон, узбакҳо, эрониҳо ва ҳиндуҳо аз ориёиҳои куҳан сарчашма мегирад ва аҷдоди муштараки онҳо тақрибан миёни солҳои 4900-4200 то солшумории мелодӣ зиндагӣ кардаанд. Клёсов, ки ҳамчун муаллифи "ДНК генеалогия" маъруф аст, синни халқи паштуну қирғизу туркманро нисбатан кам-аз 1000 то 2 ҳазор сол муайян намудааст.

МАҚОЛАИ КОМИЛИ КЛЁСОВ ИНҶОСТ

Клёсов Анатолий Алексеевич, доктори кимиё, биохимики шӯравӣ ва амрикоӣ бо пешниҳоди “ДНК генеология” ҳамчун илми нав барои омӯзиши таърихи генетикии инсоният маъруф аст. Аммо бисёре аз антрополог, этнолог ва забондонҳою дигар мутахассисон ин илмро эътироф намекунанд ва натиҷаҳояшро нодуруст медонанд.
Мӯҳр
farhod
ин профессор йо мастаст йо девона
чи хел мешавад 2 халк аз 2 нажод як авлод бошанд??

ГаПлатип ё гаЛлатип? :)

Ринд
Ин манзураш он точиконе хастанд ки дар паспорташон узбак навишта шудаанд дар Самарканду Бухоро Сурхондарёву Фаргонаву Кашкадарёву худди Тошканд миллионхо точик дар шиноснома узбаканд онхоро дар назар дорад ё хамон сартхои Киргизистонро ки бештаринаш дар Ушу Чалолобод зиндаги доранд

Ин маколаи илмиро бояд як нафар шимидон ва як торихшиноси барчаста тарчума кунанд бо хамкори на як нафаре ки дар рузнома ё мачалла кор мекунад..

Фахмо,чаро ними уззбакистонро тожик мегуянд.

Ozodagon shumo baroi fitna andoxtan bayni millatho ruznomanigori meknen? Haminam xabar shid? Holon ki ya kismi makolara ham chu 'xabar' dodaen. Agar hami makola dar hakikat ilmi bosha, charo malumothoe foidanoksha namenavisen? Xay hama medonad ki Tojik ki Uzbak. Shmo hej holi shahrvandoni Tojik ki mukimi uzbakistonan fikr meknen. Basay aki

Ibrohim
farhod, Узбак ягон вақт халқ набуд ва нест. Ин бофтаи коммунистҳое ҳаст, ки мехостанд тоҷиконро нобуд созанд

Узбак гуфта миллат нест.Ин гуломоне буданд ки Точикон инхоро ба зани гирифтатанд.Аз дуюм сорти Турку Мугул буданд яъне дурага буданд.Узбаке ки бо Точик хешу табори надошта бошад афту рую намудаш ба Манголу Киргизу Хитои монанд аст.Узбаке ки ба Точик монанд аст узбак нест Точик аст аммо аз тарси хукумат худро Узбак гуфта мегарданд Иншоаллох мисли хукумати хозираи Точикистон то 20 - 30 соли дигар хукумрон бошанд Точикони Узбакистон сохиби ватани ачдодияшон мешаванд.Иншоаллох.

беном
Хакикатро хеч гох пинхон надоред кадом шахсе намехохад ин хел суханонро душмани милаташ хаст инро бе или хам исбот мекунанд. Шахсе ки тарихи худро этироф намекунад у душмани милаташ хаст. Бигзор хакикат галаба кунад.farhod,

Shumo chi vatani xudatona sohib shuda nametoned boz chi gap zadan? Fikr karded ki dunyo besohib mondast Uzbekistona giriftani shuded? Poprobuyete vzyat. A naschot uzbeki: v mire gde ob uzbekov znayet o tadjikax vobshe ponyate neimeyet

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)