Бахшҳо
04 июн 2016 10:00Тоҷикистон / Акс

Президент дар Ваҳдат баталёни махсус ташкил дод (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми июн дар маросими супоридани байрақи ҷангӣ ва сипосномаи Президент ба баталёни махсуси Вазорати мудофиа дар шаҳри Ваҳдат иштирок намудааст.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии воҳиди махсуси низомиро ба муносибати ташкили боз як ҷузъу томи нав ва ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, қувваҳои мусаллаҳи кишварро сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлол ва мардуми Тоҷикистон хондааст.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки соли гузашта барои мукаммалгардонии сохтори ташкиливу штатии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фармон додааст, ки тибқи он дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат баталёни таъиноти махсуси Вазорати мудофиа таъсис ёфта, бевосита тобеи ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад: “Раванди таъсисёбӣ ва таъминоти баталён тибқи Нақшаи Қувваҳои Мусаллаҳ амалӣ гардида, аз як тараф бо роҳи ташкилу пуррагардонӣ ва ҷобаҷогузории ҷузъу томҳо дар самтҳои муҳимми ҳарбиву стратегӣ ва аз тарафи дигар, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар ҳолатҳои фавқулода анҷом дода шуд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки таҳаввулоту ҳодисаҳои ҷаҳони муосир моро хушдор медиҳанд, ки сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам тақвият бахшем: “Ҳар яки мо вазифадорем, ки беҳтарин неъмати имрӯза, яъне соҳибистиқлолии давлатамонро содиқона ҳифз намоем, барои посдории ваҳдату ягонагӣ ва ободии минбаъдаи кишварамон корҳои созандагиро вусъат бахшем”.

Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ дар хитоб ба низомиён, аз ҷумла афсарону сарбозони баталиони нав изҳордоштааст, ки “ман ба ҳар яки шумо бовар дорам ва эътимоди Роҳбари давлат ва халқи Тоҷикистон дар навбати худ ҳар кадоми шуморо водор месозад, ки дар иҷрои рисолати касбии худ, яъне ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар ҳамеша омода бошед ва ҳушёриву зиракиро ҳаргиз аз даст надиҳед”.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент бинои қисми низомии навтаъсис дар марҳиллаи аввал бо харҷи 16 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёду азнавсозӣ шуда, , заминаҳои моддиву техникии қисми низомии мазкур ба меъёри ҳарбӣ ҷавобгў аст.

Мӯҳр
пешво фақат ҳушёрию зираки мегӯянд дар тамоми баромадҳо ин гап ҳаст шояд ин ягон асос дошта бошад.Баҳарҳол мо ҷавоно хеле ҳушёру зирак ҳастем мо қудрати анализ кардани ҳар гапу коро дорем моро ҳаёт он қадар ҳушёру зирак кардаги аст,ки баъзе корҳоро дида бовар намекунем зеро медонем ки сохта ва бофта аст.раҳмат ба шумо Пешвои азиз моро ҳеле ҳушёру зирак кардет ҳамин ҷои кор киҳам тамин мекардет нуран ало нур мешуд.озодагон ҳақи қлнуни моро ба назар гирифта чоп кун зеро хеле аҷоиб мешуд

ромити
хайрияте ягонкасро аз вазифа нагирифт пеш аз омаданаш мансабдорхо хама талхакаф буданд!

Гунг.Метро.
Хар гохе,ки шахрванди Точикистон,президенти Точикистон дар бораи сохибистиклолиятии кишвар гап мезанад,дар метро ках ках механдам!!!!
О чаро дар вакташ ба мукобили сохибистиклолхохон мечангидед?Командаи "_Шарифи Кулоб" и парламенти Точикистони солхои 1991-1992-бо таври чиддиву газабнок зидди истиклолияти Точикистон буданд!Горбачевро ба суд додед,Махкамовро сарнагун кардед,Аслонвро аз вазифааш пофишори карда ба истеьфо фиристондед.Набиевро овардед,ки СССР ро баркарор кунад.
Эхе хандидаму механдам,.."Следующая остановка Парк Победы,осторожно,двери закрываються".."Озодагон" дар дар таги замин хам бо мани!!!!!!Чоп кун!!!!

мехмон
Гунг.Метро.,
Махкамовро магар командаи ,, Шарифи Кулоб" сарнагун кард ? Митинги соли 1990 ро баъдан соли 1991- ро кулобихо ташкил каданд ? Аввал бифахм , бихон баъд навис!!!
Аслонов , Максуд Икромов , Додочон Атоуллоев, Латифи, Мирбобо Миррахим , Бури Каримов, Каххоров Акбар Тураевич хулоса аъзоёни ,, Кумита 17"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)