Бахшҳо

Тоҷикистон дар пешниҳоди “Маснавии маънавӣ” ба ЮНЕСКО шарик нест

Сахидод Хоркашев, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон аз тасмими ба феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддин Балхӣ тоза огоҳ шудааст ва то кунун бо Эрон ва Туркия дар ин тасмим шарик нест.

Бехабарии ҷониби Тоҷикистон дар ҳолест, ки бар асоси сару садоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст Эрон ва Туркия муштаркан мехоҳанд ин асари оламшумули Мавлонои Балхро дар ЮНЕСКО номнавис кунанд.

Шуморе аз корбарони шабакаи Facebook дар Тоҷикистон ва Афғонистон аз даст ба кор нашудани кишварҳои худ дар баробари Эрон ва Туркия барои сабти номи “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар феҳрасти мероси ғайримодии ЮНЕСКО ба унвони мероси ҷаҳонӣ интиқоди шадид кардаанд. Аз ҷумла ин баҳс дар миёни корбарони афғонистонӣ шӯру валвала барангехтааст ва онҳо гуфтаанд, ки бояд давлаташон дар ин кор саҳим бошад.

Корбарони фейсбуки тоҷикӣ низ хостори саҳим шудани Тоҷикистон дар ин кор шудаанд. Аз ҷумла донишманди варзидаи тоҷики муқими Қазоқистон, узви Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, профессор Сафар Абдуллоҳ гуфтааст, ки Мавлоно як тоҷик буд ва набояд мо хумӯш бошем.

Сафар Абдуллоҳ барои тоифаи тасмимгир дар Тоҷикистон бо хитоб навиштааст: “Аз назари ҷуғрофиёӣ низ, Мавлоно зодаи водии Вахши Тоҷикистон аст ва дар шаҳри таърихии тоҷикон, Балх, ки имрӯз дар қаламрави Афғонистон аст, бузург шуд ва пас аз зиёрати хонаи Худо бо падараш аз сабаби парешонии рӯзгор ва ошуфтагиҳои замони муғул, ба зодгоҳаш барнагашт ва шаҳри Конияро, ки аз шаҳрҳои (дар он рӯзгор) порсизабон буд барои зиндагӣ интихоб кард, ки баъдҳо Туркия ном кишваре падид омад”.

Сафар Абдуллоҳ даъвои туркҳоро бар сари Мавлоно медонад: “Ва ин ки атрок даъвои Мавлоно мекунад, дуруст нест, зеро Мавлоно ба забони мо навишта ва ба фарҳанги мо мутаалиқ буд ва аз падару модари тоҷик зода шуда ва худ мегуфт: "Ман аз забони туркӣ ҳамин қадар медонам,ки обро гӯянд су”.

Ба назари Сафар Абдуллоҳ ҳаққи Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки дар баробари Эрон соҳиби ин забон ва ин фарҳанг ва ин мероси бузурги забони порсӣ бошад. Он чи марбут ба мероси мактуб ба забони порсӣ аст ва ба номи Эрон сабт мешавад , ба ҳамон андозае ки моли Эрон аст, моли мо ҳам ҳаст. Муҳим ин аст, ки мо амалеро бо Эрон муштарак анҷом бидиҳем ва ё дар талошҳои Эрон барои нигаҳдории фарҳанг ва тамаддуни муштаракамон ёрӣ бирасонем ва ё ибтикоре нишон бидиҳем ва бо Эрон тараф бишавем, ки ба ҷое бирасем.

“Маснавии маънавӣ” асари оламшумули Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхист, ки яке аз пурхонандатарин асарҳо дар Аврупо ва Амрико ба ҳисоб меравад. Чанд сол аст, ки ин асари Мавлоно дар Амрико дар баробари “Библия” аз пурфуруштарин асарҳост ва яке аз мутарҷимини ин асар сабаби маҳбубияти онро миёни хонандаҳои амрикоӣ “гуруснагии ахлоқии амрикоиҳо” ном бурда буд.

Худи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аз шоирон ва донишмандони тавонои фалсафа, ирфон ва тасавуф аст, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ба бовари аксари донишмандон ва пажуҳишгарони осор ва рӯзгори ин аллома, ӯ зодаи Вахши Тоҷикистон аст, ки дар он замон аз мавзеъҳои тобеи Балх будааст ва баъди як сафари Ҳаҷҷ шаҳри Конияро барои зиндагӣ баргузидааст ва дар ҳамин шаҳр ба хок супурда шудааст.

Дар Тоҷикистон чанд сол қабл 850-солагии ин орифи ҷаҳоншумул дар сатҳи давлатӣ таҷлил шуд ва дар водии Вахши Тоҷикистон ҳам ноҳияе ба номи ӯ гузошта шудааст.
Мӯҳр
чорш
Академияи улум ЧТ бояд таъчилан рохи хамрох шудан ба пешниходро ёфта, исбот кунанд, ки меросбарони асоси точиконанд

Самандар
Ин олимони точики мо хобанд. Хама чизро ба монанди чавгон, оши палов ва гайраро мегиранд, баъд мо аз хоб бедор мешавем. Хамин Сафар Абдулло дар кучо буд то ин вакт хамрохи директори як институтми калони Точикистон. Айб аст рафикон. Вакти он аст, ки Чаноби Олй одамони хирфайй ва босалохиятро дар вазифахои даркорй монад. Рахмонуф ёрдамчии Президент бо дастгохи калонаш кучоро нигох мекунад. шармандагй!!!

Вазифаталабҳо, соҳибони вазифа кор кунанд охир... Бисёр мероси тоҷикро ба дигар миллатҳо сабт карданд, сохторе, ки имруз давлатро роҳбарӣ кардестанд, Валлоҳӣ, ки фардо пеши миллат ҷавоб хоҳад гуфт, ин кори ҳазл нест.

Зихи устод!Ба академия улум гуфтаниам ,ки Халли ин масаларо ба худи устод вл гузоранд ва АЗ тарафи хукуматхам дастгири бояд бощадбощад!

МУХОЧИРТОЧИК
Мавлоно Чалолиддин Мухаммади Балхи точикбуд ва ососаш мусалмон буд олим бд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)