Бахшҳо

Тағйироти кадрӣ: Аз барканории ноиби якуми Р.Эмомалӣ то мансаби собиқ раиси Шӯрои адлия

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15-уми июн Наимӣ Аламхони Қодириёнро аз мақоми муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон озод кардааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон сабаби барканории Наимиро гузаштан ба кори дигар гуфтааст, аммо дақиқ накардааст, ки вазифаи нави ӯ чӣ хоҳад буд. Инчунин айни ҳол маълум нест, ки муовини аввали Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасод кӣ таъин хоҳад шуд.

Бо амри Президент Ҷаборзода Одил Абдуқаҳҳор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод шуда, ба ҷойи ӯ Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ таъин гардид.

Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон Муродзода Дустмуродро аз вазифаи Раиси Шӯрои адлия, Расулзода Нуриддин Ғафорро аз вазифаи муовини якуми Раиси Шӯро ва Пӯлодӣ Мавҷуда Комилро аз мақоми муовини раис – котиби Шӯрои адлия ба далели барҳам хӯрдани ин ниҳод барканор намудааст.

Раисиҷумҳур Дӯстмурод Муродзода, собиқ раиси Шӯрои адлияро сардори нави Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардааст. Самадзода Навруз Абдулҳамид, ки то ҳол дар ин вазифа фаъолият мекард, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш барканор шуд. Президент ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст, ки собиқ муовинони раиси Шӯрои адлия-Расулзода Нуриддин Ғафор ва Пӯлодӣ Мавҷуда Комил ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шаванд.

Мӯҳр
Рости гап, хамин Аламхон аз дасташ ягон кор намеомад.

Барои чи Заррина Фатхуллоеваро ки каблан дар ин Шуро кор мекард ва яке аз хукукшиносони варзида буд ба вазифаи судя пешниход накардед?

Ин шурободй чй гунох карда боша?!

Амирҷон ба Валӣ
Ин Шуроободиро гуноҳаш Шуроободӣ буданаш аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)