Бахшҳо

Нахустин суҳбати Ёқуб Салим дар озодӣ: Аз нақшаҳо то вазъи саломатӣ

Ёқуб Салим, вазири пешини умури дохилӣ ва яке аз қумандонҳои собиқи Фронти халқӣ, ки баъди 13 соли ҳабс субҳи имрӯз, 21-уми июн аз зиндон раҳо шуд, бо “Озодагон” як суҳбати кӯтоҳе анҷом дод.

Ба суоли “Озодагон” дар мавриди вазъи саломатӣ Ёқуб Салим посух дод, ки “худро хеле хуб ҳис мекунам, танҳо чашмҳоям камтар мушкил доранд”.

Дар бораи солҳои ҳабс ва муносибати зиндонбонҳо собиқ қумандони Фронти халқӣ гуфт, “муносибати хуб буд ва тайи солҳои ҳабсам ягон дағалиро аз маъмурини зиндон надидам. Аз ҳодисаҳои берун огоҳ будам. Тайи солҳои ҳабс ба матбуот дастрасӣ доштам. Ҳатто аз сайтбандии шумо ҳам дар зиндон тариқи матбуот хабар доштам”.

Ёқуб Салим афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ягона нақшааш дар озодӣ хушнудӣ бо аҳли оила аст: “Нав ба озодӣ баромадам ва нақшаам ҳамин аст, ки бо аҳли оилаам, ҳамсар ва фарзандонам хурсандона зиндагиро пеш барам. Ягон нақшаи дақиқи дигаре надорам”.

Ӯ бо ишора ба он, ки айни ҳол хаста асту асабҳояш монда шудаанд, ваъда дод, ки баъди каме истироҳат давоми ҳафта бо “Озодагон” як суҳбати муфассал хоҳад кард.

Қаблан наздикони Ёқуб Салим ба “Озодагон” хабар доданд, ки ӯ соати 5-и субҳи имрӯз аз боздоштгоҳ озод шуда, хеле хурсанд мебошад ва феълан дар манзили зисташ дар маҳаллаи “Водонасос” ҳамроҳи хонаводааш мебошад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салим, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва яке аз қумандонҳои Фронти халқиро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам гардид.

Ӯ моҳи июни соли 2014 бо ирсоли як нома ба Додситонии генералӣ ва Додгоҳи олӣ гуфта буд, то анҷоми муҳлати ҷазояш ҳудуди 1 солу 8 моҳи дигар мондааст ва дархост намуд, шартан пеш аз муҳлат раҳояш кунанд, чун вазъи саломатиаш хуб нест. Аммо дархости ӯ беҷавоб монда буд.


Акс аз "Озодӣ"
Мӯҳр
Ozod
Озоди муборак бошад акаи Ёкуб

Гулноз
Худо душмани одамро ба зиндон набарад.

Гурдофарид
Як вакто ошики каду комати Екуб Салим шуда будам. Гумон мекардам, ки уро чунин мебинам аммо афсус... Барои озодияш хурсанд шудам. Лекин дигар ошик нестам...

мехмон
Кани он пахлавон ки вазири ВКД буд ? Махбуси пират кардааст Ёкубпахлавон !!! Аз хама берахмтарин чонзод ин одам хаст , ки нисбати хамчинси худ рахм надорад ! Якдигарро мекушанд дар махбас нигах медоранд ва азобу шиканча медиханд. Холо он ки шахсе агар ба гунохи худ икрор ва тавбаи сидк кунад бояд озод шавад.

Баъзехо фаромуш кардаанд, ки

То тавонй, пардаи мардон надар,
То надаррад пардаат марди дигар.

Чавонмардй ва сипахсолорй ба ин мард зебанда буд.

Шоханшох
Аввалан Муборак барои тамоми оила ва дустони чонии Ёкуб!
Барои марди мард на зиндону на такибу на дури аз мардуму на хазор фишору тухмат садди рохро гирифта наметавонад. Хар як сафедди муйи сарат шаходат аз бузурги, тануманди ва хирадманди аст. Комати алифи точиконаат холо хам нишонаи бузург марди аст.Чашмони ориёии бумиёнаро ба чашмаи АВЧ-и Бадахшон биё ба тези мушкилоташро хал мешаванд. Як бори дигар тамоми хешу таборат ва фарзандонатро табрик мегуем!!!

Дарвеш
Озоди муборак Ёкуб Салимов.

Да. Зиндон сари ин марди майдона сафед кард. Лекин нигохаш хаму Ёкуби солхои 90-ума ба ёд меорад. Нигохи часурона ва нотарсона.

Хаёт хамин будаст. Барои хамин хам шукрона кардан даркор. Барои хар як нафаси озоди.

Сангак
Екуб Салимов кухансол шудааст ва ба табобат ниез дорад. ХУДОВАНД еру мададгоратон бошад акаи Екубчон.

Сорбони Ошик.Нева
Гурдофарид,
Ана хамин тавр ишки руяки.Манро хам як бону хамин хел дахсолахо пеш гуфта буд.Боз бехтар аз манро кофт.Дастагулхои манро кабул намекард.Охирин бор дастагулеро харида таксисавлр назди бинои марказии Пединститути он солхо(Душанбе) пешаш рафтам.Ман дипломдора ьу бедиплом таьна кард мани кишлокиро..Он духтпраки сабзинаи муйхояш ба тартиб овардаи атласпуши харобина...дигар шуда буд..30-сол зиед гузашт.У хамсоли худам аст.Яке аз хешовандонаш гуфт,ки бисер азоб кашидаву боз солхои зиедест,ки танхо аст.Мисли кампирак гаштааст.Лекин ман вайро хамон тавре ки буд,тасаввур мекунам...Боз барояш як гулдастаи зебо хадя кардани хастам.Шояд ин дафьа аз дастам гирад.Нисои саркаши ман.
Эх Гурдофарид,ошикиву мухаббат чони бошад,на зохири!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)