Бахшҳо
21 июн 2016 11:21Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Президент маҷмааи биноҳои бунёдкардаи “Ориён-групп”-ро ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми июн дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаро ба истифода дод, ки бо харҷи 138 миллион сомонии ҳукумати Душанбе бунёд шудаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон маҷмааи нав аз ҷониби пудратчӣ ширкати “Ориён-групп” сохта шуда, аз 4 қисми аз 12 то 16 ошёна бо 170 хона иборат мебошад.

Манбаъ афзуд, ки танҳо дар соли 2016 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағи умумии 1, 9 миллиард сомонӣ иншооти муҳим, аз ҷумла 42 иншооти соҳаи иҷтимоӣ, манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, иншооти савдою хизматрасонӣ, тиббӣ, муассисаҳои томактабӣ мавриди истифода қарор дода шуд: “То ҷашни 25 - солагии истиқлолият дар пойтахт 95 иншооти таъиноти гуногун бо маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ бунёд карда мешавад. 7 адад муассисаи томактабӣ барои 919 ҷой, 5 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маблағи 19 миллиону 495 ҳазор сомонӣ бо 3150 ҷой аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ, манзилҳои истиқоматӣ, 7,07 километр роҳҳо, 1 адад толори варзишӣ, 4 майдончаи варзишию фарҳангӣ, барқарорсозии шабака ва таҷҳизоти гармтақсимкунӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошад”.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)