Бахшҳо

Худкушии Дилхуши 24-сола, муҳоҷири 4-уми тоҷик дар Питер

Дилхуш Юнусов, сокини 24-солаи ноҳияи Айнӣ, падари ду фарзанд дар ноҳияи Всеволжски Санкт Петербург худро ба дор овехтааст.

Тавре Аҳмад Иброҳим, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ҷасади Юнусов 26-уми июн аз як дарахт дар назди дарёчаи деҳаи Костовои ноҳияи Всеволжск дарёфт шуда, фарзияи асосии марги ӯ худкушӣ мебошад: “Феълан таҳқиқот идома дорад”.

Тибқи иттилои мақомоти Русия ин ҷавони тоҷик дар хобгоҳи Василев ба қайд гирифта шуда, қабл аз худкушӣ бо ягон нафар муноқиша накарда, номаи пеш аз марг ҳам нагузоштааст: "Эҳтимол ӯ дар паи аз даст додани ҷойи кор худкушӣ кардааст. Ин фарзия ҳам санҷида хоҳад шуд".

Дар сурати тасдиқи худкушии Юнусов ин 4-умин ҳолати худкушии муҳоҷирони тоҷик тайи 2 моҳи охир дар Санкт Петербург мебошад. Ахиран ҷавони 18-сола ва қабл аз ӯ Аминов Муҳриддин Иброҳимович, соли таваллудаш 1985 зодаи деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ дар Санкт Петербург худкушӣ карда буд. Инчунин Ҳусейн Саидов, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе дар Санкт Петербург худро ба дор овехта буд. Намояндагии Тоҷикистон дар шарҳи қазия гуфт, “Саидови марҳум аз бонк қарздор будааст. Натавонистааст қарзи бонкро баргардонад ва аз ин рӯ худро ба дор овехтааст”.
Мӯҳр
мухочир
Онхо худкуши накардаанд. онхоро бурда дор кашидаистодаанд лекин мо мардуми сода намефахмем.

in khudkushi durug ast millatgaroho mekushand dar akhboraton behad kazzobi mekuned

Гунг.Метро.
Ин кори дасти миллатгароени рус аст.Пеш онхо дар назди даромадгохи метрохо одамони гайриславяниро зада е маьюб мекардан е мекуштанд.Акнун холо онхо бо дигар усулхо одамкуши мекунанд.Бо тарики эьлони коргаркобиву ба кор даьват кардан.Мухочирони кории бечора ба онхо занг мезананд,онхо худро директори ресторану магозахо ва е ягон шахси хонасоз щинос менамоянд.Баьд маоши калон ваьда медиханду таькид мекунанд,танхо худаш ояду халос,яьне обьекти чои кор махфи аст е хамон як одам даркор.Онхо чои вохуриро муайян мекунанд.Мухочири бечора ба он чои вохури хозир мешавад,танхо,баьд дигар беному нишон ,бедарак мешавад.Е баьди кофтукови чандруза часадашро меебанд,е умуман абади бедарак мешавад.Боз усули дигараш духтархои руси касосгири миллатгарову бадбини рус.Онхо хам тарики эьлонхо чавонони мухочирро ба танхои бурда,ба дасти тоссарон месупоранд.Дар хилватчойхое,ки одамон набинанду полисхо надонанд.Усули дигар поидани тоссархо назди терминалхои пулгузарони,онхо аз паси мухочири бехабар нигох мекунанд,ки у ба кадом раками телефон пул мегузаронад,дар хотир гирифта,духтареро мефармоянд,ки ба у занг зада,вайро ба вохури моил созад.Онхо дар пахлуи роххои назди чангал,чойхои кам одам ва берун аз шахр вохури менамоянд.Пас тоссархои миллатгаро уро ба катл мерасонанд.Борхо аз забони мухочирон мешунавем,ки бародараш аз чои кор баромада меравад,е хамкорононашон,чизе нагуфта,баьд онхо бедарак мешаванд.Ачоиботи вокеахоро бинед,ки часади онхоро е аз ягон дохили чангал меебанд,е аз ягон бинои кухнаи беодам,е аз ягон хилватгохе.Агар боз муяссар шавад,ки часадашро ебанд.80-фоизи чавонони мухочир аз чунин сар задани ходисахо бехабаранд.Чавонони мо танхо мегарданд,аз ниятхои худ е максадхои худ хамдигарро хабар намекунанд,е бепарвои менамоянд.Ин чавон чи хел худкуши кардааст,кас надида буд,ки у бо худ банд е ресмоне бурда бошад?Ба хар хол эхтиет шудану зирак будан хело хуб аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)