Бахшҳо
30 июн 2016 12:25Тоҷикистон / Сиёсат

ВКХ: Хабари “Milliyet” асос надорад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, хабари нашрияи “Milliyet”-и Туркия, ки таркишҳои фурудгоҳи Истанбулро кори зодаҳои Тоҷикистон номид, беасос хонд.

Вафо Ниятбеков, раҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорат имрӯз, 30 июн ба “Озодагон” гуфт, кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул бо мақомоти шаҳрдорӣ ва амниятии ин шаҳр мулоқот кардаанд. Ба гуфтаи оқои Ниятбеков, дар ин вохӯрӣ хабари зодаи Тоҷикистон будани маргталабон тасдиқи худро наёфтааст: “Ҳамчунин онҳо бо намояндаҳои нашрияи “Milliyet” дидор доштанд. Маълум шуд, ки ин хабарро яке аз хабарнигорони озоди ин рӯзнома чоп карда, он асос надорад”.


Қаблан, рӯзномаи “Milliyet”-и Туркия навишт, террористони маргталаб, ки дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул худро таркондаанд, зодаҳои Тоҷикистон будаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳамлаҳои террористиро се нафар анҷом дода, шахсияти террористҳо ифшо нашудааст. Ба навиштаи расона, дастандаркорони ҳамла аъзои созмони террористии "Давлати исломӣ" будаанд.

Дар натиҷаи ҳамла ва бомбгузории шаби 28 июн дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул 43 нафар кушта ва ҳудуди 150 тани дигар захмӣ шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта ҳамлаи террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истанбулро маҳкум карда, таъкид намудааст, ки террористон на дин, на миллат ва на ватан доранд.

Мӯҳр
Бародар
Бародарони Озодагон каме дипламатияро омузеду дар ин гуна хамлахои иттилооти аз хамватану механи хеш химоят кунед. Дар ин хабар бояд нуктаи асоси гапи вазорат мешуд, на ваои туркия...Аз расонахои кишвархои хорича биомузе чи хел як хамватаншун гунахкорам боша пуштибониш мекунану тавре менависан ки ура тухмат доран. Мардакои хубе факат амин камбуда дорен

Иван
Фируз
Бародар холи ту намедони ки хамин нашрияхо хамаш моли хоричихоан дар ТЧ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)