Бахшҳо

Анҷоми тафтишоти марбут ба ҷасадҳои салафанпечи 5 тоҷик

Кумитаи тафтишотии вилояти Орлов аз анҷоми таҳқиқи парванда алайҳи Аҳмад Аҳмадов ва Беҳрӯз Саидов хабар дод, ки дар марги 5 шаҳрванди Тоҷикистон айбдор мешаванд.

Қазияи марги 5 тоҷик, ки ҷасадҳои “салафанпеч”-ашон дар вилоёти Маскав ва Тула дарёфт шуда буд, моҳи июли соли гузашта пурсарусадо гардид.

Тибқи иттилои мақомоти тафтишотии Русия муайян шудааст, ки Аҳмадов барои дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи “Куйбишев-Брянск” Саидов ва 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро кироя кардааст: “8-уми июл вақти буридани лӯла дар ноҳияи Орлов 5 шаҳрванди Тоҷикистон аз дуди заҳролуд дар нақб нафасгир шудаанд. Газҳои заҳролуд дар пайи истифодаи генератори бензинӣ дар нақб ба вуҷуд омадаанд”.

Ба иттилои манбаъ дар пайи ин Саидов аз қазия Аҳмадовро огоҳ мекунад: “Аҳмадов ва Саидов ҷасади муҳоҷирони фавтидаро ба мошин бор карда, се нафари онҳоро дар истгоҳе дар Тула ва ду тои онҳоро ба ҷангали канори роҳе дар вилояти Маскав партофтаанд”.

Мақомоти тафтишотӣ афзуданд, муттаҳамон баъди ин ба ҷои фоҷеа баргашта ба маблағи 9 ҳазор рубл аз лӯла маводи сӯхт дуздидаанд: “Феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Аҳмадов ва Саидов бо иттиҳоми расондан ба марг дар пайи беэҳтиётӣ, вайрон кардани лӯлаи маҳсулоти нафтӣ ва дуздӣ анҷом ёфта, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шуд. Муттаҳамон гуноҳашонро пурра иқрор карда, изҳори пушаймонӣ мекунанд”.

Дар пайи ин қазия шаҳрвандони Тоҷикистон Хуршед Шарифович Ёрматов, соли таваллудаш 1988, Самандар Салимович Халифаев, соли таваллудаш 1989, Шаҳром Набиев, соли таваллудаш 1988, Солеҳҷон Одилович Дилшодов, соли таваллудаш 1982 ва Фирдавсӣ Ашӯрович Нодиров, соли таваллудаш 1980, сокинони навоҳии Ҳамадонӣ, Данғара ва Қумсангир ба ҳалокат расида буданд.
Мӯҳр
Мундукбой
Э мардум...аз русхо нанолед.аз ин хел скинхедхои худамон эхтиет бошед.наход ки точик кор гуяд зуд рози шавед.Бехтараш дар ягон чухуд кор кунед на дар точику армян.бисер дидем!!!!!!Ин кори товба аст..дигар намедонам чи гуям.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)