Бахшҳо

Салом Юнусов: Фарзандонро барои ба Сурия бурдани набераҳоям набахшидам (АКС+ВИДЕО)

Як сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мегӯяд, ахиран хабари соҳиби набера шуданашро ба ӯ расонданд. Аммо наметавонад ӯро ба оғуш бигирад, зеро ин тифл дар Сурия ба дунё омадааст.

Ин ягона набераи Салом Юнусови 76-сола, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Сайидқул Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ нест, ки дар Сурия қарор дорад. Шаш набераи дигари ӯ ҳам дар ин кишвари ҷангзадаанд. Дар маҷмӯъ теъдоди пайвандони дар Суриябудаи вай 11 нафар гуфта мешавад.

Дар мавриди дар Сурия қарор доштани пайвандони ин пирамард, мақомоти тоҷик моҳи июли соли гузашта маълумот гирифтаанд. Ба иттилои онҳо Саидбек Юнусов, писари Салом ҳамроҳ бо ҳамсару се фарзандаш -- Юнуси 8-сола, Оминаи 5-сола, Юсуфи 3-сола ва духтараш --Ҳилолбӣ Юнусоваю домодаш -- Муродбек Мадхолов бо фарзандонашон -- Убайдуллои 8-сола, Исмоили 6-сола ва Бибизайнаби 4-сола дар ин кишвари Ховари Миёнаанд. Шаш моҳ қабл ҳамсари Саидбек писар таваллуд кардааст, ки ӯро Абубакр ном гузоштаанд.

Салом Юнусов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бори охир духтараш моҳи апрели соли равон ба бародараш Ҳаким занг задаву аксҳои Абубакри навзодро барояш фиристодааст. Баъди ин, дигар тамос нагирифтаанд: “Ман шабу рӯз дар фикри фарзандону набераҳоям ҳастам. Фикр мекунам, ки ояндаи онҳо чӣ мешуда бошад. Наход набераҳои ман ҳамчун террорист ба воя бирасанд?”



Ба қавли Юнусов ҳеч маконе ба гарди хоки Ватан баробар намешавад ва агар набераҳояш инҷо мешуданд, шояд тарбияи дуруст мегирифтанд. Ӯ гуфт, аз фарзандонаш барои ба Сурия рафтанашон сахт ранҷидааст: “Чанд бор хостанд, ки бо телефон бо онҳо суҳбат кунам, аммо гап назадам. Ман рафтори онҳоро бахшида натавонистам. Ман як шахси баобрӯи деҳ будам, аммо дар синни пирӣ беобрӯям карданд”.

Номбурда гуфт, фарзандонаш тавассути Русия ба Сурия рафтаанд: “Фикр мекардам, ки онҷо кор карда, зиндагии моро хубтар мекунанд. Чанд бор вақте хабари ба Сурия рафтани ҷавононро мешунидам, мегуфтам, ки боз беақлӣ карда ба онҷо наравед. Аммо писарам мегуфт, ки ҷиҳоди ман туӣ, ман куҷо меравам? Аммо фиреб доданд”.

Як манбаъ аз мақомоти қудратии ҷамоати ба номи Сайидқул Турдиев ба “Озодагон” гуфт, бино ба иттилои дарёфтӣ, 17 сокини ин ҷамоат дар Сурия қарор доранд.



Салом Юнусов: Фарзандонро барои ба Сурия бурдани набераҳоям набахшидам (АКС+ВИДЕО)
Саидбек Юнусов

Салом Юнусов: Фарзандонро барои ба Сурия бурдани набераҳоям набахшидам (АКС+ВИДЕО)
Духтар ва келини Салом Юнусов

Салом Юнусов: Фарзандонро барои ба Сурия бурдани набераҳоям набахшидам (АКС+ВИДЕО)
Юнуси Саидбек

Салом Юнусов: Фарзандонро барои ба Сурия бурдани набераҳоям набахшидам (АКС+ВИДЕО)
Абубакри шашмоҳа

Салом Юнусов: Фарзандонро барои ба Сурия бурдани набераҳоям набахшидам (АКС+ВИДЕО)
Писарони Саидбек
Мӯҳр
Аз деҳаи Меҳнатободи Дружбаи Ҳамадонӣ Диловари Сайидамир ё Шарипров Диловаршо дар Ироқ аст. Аммо инро касе намедонам. У пайваста аз падару барродаронаш даъват дорад то ба Ироқ оянд шароит 100

Муйсафед!, агар фарзандонатро дуруст тарбия мекарди, ба ин роҳ намерафтан. Гунаҳкори асосӣ худат ҳасти!!! Ягон руз худат ҳам мерай.

БА ХОНАНДА!!!!! Хамдардии маро кабул намо бародар, ки хеле хеле шуурнокии паст дори. Ин муйсафеди бечора чи айб дорад? Тарбияи дуруст? Ту хам бетарбия менамои, пас падари ту гунахкор аст? Тарбия инчо накш мебозад, лекин на то ба ин дарачаи нихои. Фарзандони ин муйсафед хама бузург хастанд ва сохиби аклу идрок мебошанд. Онхо худ ин рохро интихоб караданд, на падари муйсафеди онхо. Шояд зиндаги онхоро мачбур карда бошад е шояд аз гумрохи ба Сурия рафта бошанд. Ин падарро гунахкор нахисобед. Ту баринхо агар сари кудрат биеед, хамаи хешу табори онхоро паси панчара мебаред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)