Бахшҳо

Таҷлили 59-умин солгарди имоматии Оқохони IV дар Тоҷикистон

Исмоилиёни ҷаҳон, аз ҷумла пайравони ин мазҳаб дар Тоҷикистон имрӯз, 11-уми июл 59-умин солгарди ба тахти имомат нишастани пешвои руҳонияшон, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми худро таҷлил мекунанд.

Пайравони мазҳаби Исмоилия, ки теъдодашон дар Тоҷикистон аз 200 ҳазор нафар зиёд асту аксарашон муқими вилояти Бадахшонанд, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки дар ин рӯз одатан дар сатҳи маҳалҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронда мешаванд. Ба иттилои мусоҳибони “Озодагон” Оқохони IV, ки имсол ба синни 80-солагӣ мерасад, давоми 59 соли охир роҳбарии исмоилиёни ҷаҳонро ба уҳда дорад.

Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Оқохони чаҳорум чиҳилу нӯҳумин имоми исмоилиёни низорӣ ба шумор меравад.

Ҳоло дар Тоҷикистон дусад ҳазор пайрави исмоилия ба сар мебаранд, ки аксари онҳо муқими Бадахшони Тоҷикистонанд. Нахустин ва бузургтарин маркази фарҳангии исмоилиҳо дар маркази шаҳри Душанбе чанд соли пеш мавриди истифода қарор гирифт, ки айни ҳол яке аз маконҳои баргузории чорабиниҳои гунонуни фарҳангӣ-маърифатӣ мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)