Бахшҳо

Савда: Шавҳарам маро ҳам ба Сурия бурданӣ буд...

Як ҷавонзани 21-сола аз ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, шавҳараш ба зориву таваллои ӯ гӯш надода, ба Сурия рафт ва баъди камтар аз як сол хабари кушта шуданашро ба вай расонданд.

Савда Маҳмадова ва Назрибек Мадхолов соли 2013 дар деҳаи Сомониёни ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ арӯсӣ намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ Русия мераванд. “Дар шаҳри Маскав дар як сехи моҳӣ кор мекардем. Тахминан баъди як сол шавҳарам гуфт, ки якҷоя ба Сурия меравем. Ҳарчанд ба вай мефаҳмондам, ки ин роҳи хатост, гӯш намекард”,-қисса мекунад ӯ.

Ба гуфтаи хонум Маҳмадова баъди ин ки натавонист шавҳарашро аз роҳ баргардонад, хоҳиш кард, ақалан ӯро ба Ватан фиристад: “7 марти соли 2015 ман ба Тоҷикистон омадам. Баъди се моҳ як рӯз телефон карда гуфт, ки ба ҷойи мехостагиам расидам, ман акнун дар Сурия ҳастам. Баъди ин суханҳо дунё дар назарам торик шуд, зеро ҳазорон нафар онҷо кушта шудаанд ва роҳи зинда баргаштан аз онҷо нест”.

Савда Маҳмадова мегӯяд, ин охирин суҳбати ӯ ва ҳамсараш буд. Баъди ин дигар боре ҳам тамос нагирифтааст. Тибқи бархе овозаҳо гӯиё Назрибек дар ҷангҳо ҳалок шудааст: “Имрӯз баъзеҳо Сурия гуфта воҳима мекунанд, аммо як бор ба зеҳнашон намеояд, ки ояндаи мо - занони ин муҷоҳидони раҳгум чӣ мешавад. Масалан ман, 21 сол дорам, ва мутаассифона кӯдак ҳам надорам, то оянда ба хотири ӯ зиндагӣ кунам. Мактабро ҳамагӣ то синфи нуҳ хондаам. Дар як кунҷи хона шишта, ҳазору як фикр ба сарам чарх мезанад. Онҳо-ку дар он ҷангҳо нобуд, мешаванд, мо инҷо зинда ба гӯрем”.

Ҳоло ӯ аз манзили шавҳараш ба хонаи модараш баргаштааст. Мегӯяд, ба наздикӣ “чизу чораамро ҳам оварданд”. Ҳамсояҳо маслиҳат додаанд, ки ҳоло ҷавон ҳаст ва бояд умрашро беҳуда нагузаронда, шавҳар кунад.

Хатичамоҳ Ширинова, модари Савда мегӯяд, сахтарин рӯзи модар “дидани сиёбахтии духтараш аст”. Ба гуфтаи ӯ, чанд хостгор омад, аммо онҳо намедонанд чӣ ҷавоб диҳанд: “Метарсам, ки шавҳараш мабодо зинда бошаду ягон вақт пайдо шавад. Дубора азоби духтарамро таҳаммул карда наметавонам”.

Савда: Шавҳарам маро ҳам ба Сурия бурданӣ буд...Аммо Шерхон Мадхолов, падари Назрибек мегӯяд, хабари кушта шудани фарзандашро аз писари калониаш, ки низ дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад, шунид: “Сентябри соли гузашта Муродбек аз он ҷо занг зада гуфт, ки шодиёна деҳ падар, ки Назрибек дар роҳи Оллоҳ шаҳид шуд. Аз алами зиёд ӯро суханҳо носазо гуфтам, кадом шаҳид, охир одам бо куштани касе шаҳид намешавад. Ман гуфтам, ки дигар шумо барин писар надорам”.

Ӯ мегӯяд, намедонад, дар куҷо дар тарбияти фарзандонаш ғалат кард, ки онҳо узви гуруҳҳои ҷангҷӯ шуданд.

Ба гуфтаи наздиконаш Назрибек Мадхолов солҳои 2010-2011 дар шаҳри Душанбе дар Полки милиса хизмати ҳарбиро адо кардааст.
Мӯҳр
У бадбахт шахид нашудааст. Ман якинам ки харом мурдааст. Дар кадом китоб гуфта шудааст, ки вакте ту котил хасти, шахид мемури. Чои чунинхо иншооллох дузах аст. Магар мусалмоне, ки ба катли мусалмон даст мезанад, шахид мешавад? Ин хобатонро ба об гуед!

Насим
Хазору як рахмат бар падарат Солим Ин гапат тупа тугри Инхо шахид нестанд чояшон дар хафтумин дузах аст

Ба симои ин зан нигаред. Хамаги 21 сол доштааст, вале чандсола ба назар мерасад. Ин зан чи гунах дорад, ки бояд аз беаклии шавхар ба чунин руз гирифтор шавад? Хуб кардааст, ки хамрохи шавхараш нарафтааст. Вагарна баъди марги шавхар медонед уро чи такдире интизор буд?
Дуо мекунем, ки бахти навашро ёбаду аз танхои рахо ёбад. Чунин шавхар садкаи оби чашмонат шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)