Бахшҳо

Каромат Шарифов: Бетарафӣ ва хомӯшии шумо мушкилиҳоро меафзояд

Ҷунбиши умумирусиягии Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз баргузории анҷумани навбатии худ хабар медиҳад.

Каромат Шарифов, раҳбари ин ҷунбиш ба “Озодагон” гуфт, чорумин анҷумани онҳо шанбеи 16 июл дар шаҳри Маскав доир мегардад: “Анҷуман соати 15:00 (ба вақти Маскав) дар “Хонаи рӯзноманигорон” (Дом журналиста), воқеъ дар назди метрои Арбат Никитский шурӯъ мешавад”.

Оқои Шарифов дар як паём аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки дар кори анҷуман иштироки фаъол дошта бошанд: “Ҳар шахсе, ки ҳисси миллӣ дорад ва дар устухонаш тоҷик будани худро ҳис менамояд, набояд бетараф бошад. Имрӯз бетарафӣ ва хомуш будани шумо мушкилиҳоро бештар мекунад. Давлати демократии Русия барои мо тоҷику тоҷикистониҳо озодиро пешниҳод намуд ва бояд аз ин минбари баланд дар “Хонаи рӯзноманигорон”-и шаҳри Маскав озодона сухан намоем”.

Эълони баргузории анҷумани Ҷунбиши умумирусиягии Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Вазорати адлияи Русия аз додгоҳ хост, фаъолияти ин созмонро мамнӯъ эълон кунад. Ин ниҳод иддао кард, ҷунбиш берун аз нишондодҳои оинномаи худ фаъолият кардааст. Мурофиаи додгоҳӣ дар ин робита рӯзи 2 июни соли равон баргузор шуд ва Додгоҳи олии Русия баъди 5 соати баррасӣ, онро то 9 август ба таъхир гузошт.
Мӯҳр
Гунг.Метро.
Каромат Шарипов подполковники запас,шахрванди Россия ва марди шучоь мебошад.Аммо бародар Шарифов шумо раиси Чамьияти умумироссиягии мухочирони мехнати ба шумор намераведЗеро дар хар шахру вилоятхову субьектхои Россия,аз руи махалу мавкеу лахчаву расму оин ,точикон чамьиятхои худро доранд.Шумо хангоми таьсиси ин ЧУРММ(ТТМ),ба субьектхову вилоятхои дигари Россия рафта бо дигар точикони мухочир во нахурдел,конфронсу мачлисхо наоростед.Дигар чамьиятхои точикони мухочир,ки хазорхо километр дур аз Москва мебошанд,ба чамьияти шумо пайваст нашуданд,мустакиланд ва ба идораи шумо тобеь нестанд.Альон дар мавкеь шумо раиси ЧУРММ и мухочирони танхо шахри Маскав хастед,на аз тамоми Россия.Дар як худи шахри Маскав зиеда аз 15-чамьиятхои точикони мухочир аст."Община" е "диаспора" ро таьсис додан хело осон аст.Хубтараш биед диаспорахо гуем.Диаспораи точикоеи шахри Санкт -Петербург ба таври худ амвл мекунад, шахру вилояти Тверь хеч гох муттахид нахохад шуд.Лигар дар хамаи субьектхои Россия диаспоразои точикон саросар " Сомониен" ном доранл,ки дазсолахо боз низомномову оиномахои онхо дар кунче дар зери гарду чанг партофта шудааст.Ин диасораву "община"ву чамьиятхову гуруххо факат як кор доранд,бо хар рох сафи аьзоени худро зиед созанду дахолат ба кору тичорати у ва дорогии у.Хатто бисер золатхое мешаванд,ки махз бо дахолати рохбарони диаспорахо байни точирону "посредник" хо чангу заноназаниву куштор рух мезанад,Шумо хам акаи Каромат раиси хамон мухочирони минтакахои Файзободу Оби гарму Рогуну кисман Вахдату Душанбе хастед.Масалан як хонуми дигар аз нохияи Чоми,дар шахри Москва чамьияти "Хайри Чоми" ро таьсис дода,мухочиронро ба кор гуе таьмин месозад,худаш Хайри ном дорад,Ин апашка-Хайри мухочиронро дар дастрас кардани хуччатхои комиссияи духтур,"медкнижка",чои кайд,гирифтани патент ва хатто гирифтани нуктаи савдо дар бозорхо ери мерасонад.Хонум Хайри худ сохиби ду контейнери тичорат,ду дукони сартароши ва ду нуктаи нону самбусафуруши мебошад.Шахрванди Россия аст.Хамин хонум хам боз худро евони гирифта танхо ба он мухочироне сару кор дорад,хамшахриву хешу табораш бояд бошанд.Точикистонро хам дар Россия ба порчахо таксим кардем.

Чаноби Каромат Шариф,
Мо мухочирон медонем Шумо ба Сафир рафики наздик хастед. На дили ту на Сафир ба мо мухочирон намесузад. Барои хамин мачлису созмонхои шумо фойда надорад.

Каромат Шарифов шумо бисёр хизматҳои бузург кардаеду аммо солҳои охир байни мардум иқво андохта яктарафа кор кардед масалан бо Ҳоҷи Ҷаббор забон як када бисёриҳоро маҷақ карда яктараф кардед

точик
Инами ГУНГУ ВА МУХОЧИР дуруг меган инаш на гунг асту унаш на мухочир аз номи хар кас гап назанен Илтимос. ИН Шумо хастет ки як миллати КУЧАКРО КУЧА БА КУЧА чудо мекунед. якбора намешавад хамаро сарчаъм кард. МО ХАМА ТОЧИКЕМ ТОЧИК э бародаро.Илтимос дар ба дар шудем аз дасти хамин махалчиги.

Шумо хуб гуфтед ки ин Каромти Шариф рохбари тамоми мухчирон нест Шумо шавед ки будани худро ба мухочирон расонед Ин шахс набошад дигаре бояд бошад Номи вайро бигиед Чаро кадом занеро таъриф менамои аз ки будани худ наменависед Дар хакикт др тамоми баданат дар навиштан ларза буд Акнун мард шавед ба анчуман равед бигуед ман марди майдон Бовари дорам хамон вакилон ба руят туф мекунанд. Ки будани Каромати Шарифро дар синои интернети бибунед Касе аз 8 миллиони мо чуни шучои надорад Равед номзадии худро гузоред алакай ин пешниходро низ аз мардуми беруна Каромат Шарипов дастгири намуд.Хохиш менамоям мардхоро зан нашавед ва занхоро ба мард мубадал нанамоед.Ин мард намешуд то хол мо Чмшеду Равшан мемондем.

Салом Алайкум бародар азиз Акаи Каромат Шарипов хамин хел чамьомадхо дар Питер ягон имконият надоран гузарондан АЛЛОХ нигахбонтон

Исроил.Мухочир
Исмоил,
Исмоил аввал хаму навиштахои Гунгро хон чи навиштааст?Гуфтааст,ки Каромат Шарифов факат дар шахри Москва Чамьияти Точикони Мухочири Мехнатиро ташкил карда,идора менамояд.Рости гап ро гуем,навиштахои Гунг наздик ба хакикатанд.Инчо махалгароиро вай руирост гуфтааст.Е мехони намефахми е аз хаму Гунг гунгтари.У зани точикро таьриф накардааст.Барьакс гуфтааст,ки кори мухочиронро бо пул ичро мекунад,на бе пул.Ин зан Хайри як вактхо мошинбизнес хам мекард дар Душанбеву Евону Кургонтеппа.Афгонхоро кариб як миллион доллар кидат карда буд.Гурехта рафт.О хами чамьиятхову организацияхо дар Россия чи дарклранд?Посольство хаст,консулхо хастанд,представители Вазорати миграцияи Точикистон хастанд,чи лозим бо ихели ташкилотхо?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)