Бахшҳо

Президент таърихи 4 ҳазорсолаи шаҳрнишинӣ дар Данғараро тасдиқ кард (ВИДЕО)

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, бозёфтҳои бостоншиносон далели таърихи куҳан доштани тамаддуни шаҳрнишинӣ дар минтақаи Данғара мебошад.

Раҳимӣ имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, лавозимоте, ки дар минтақаи Кангурти ноҳияи Данғара ёфт шуданд, таърихи 4 ҳазорсола ё бештар аз онро доранд: “Яъне тамаддуни шаҳрнишинӣ дар ин минтақа буд. Шояд он давоми мантиқиии тамаддуни Саразм бошад. Мо дар ин самт тадқиқот бурда истодаем”.

Президенти Академияи улум афзуд, ки бозёфтҳои Кангуртро ба марказҳои омӯзишии байналмилалӣ аз ҷумла Лондон равон кардаанд.



Қаблан Раҳимӣ гуфт, ки бозёфтҳо аз ду мавзеи Данғара ба Олмон низ барои баҳогузории илмӣ интиқол ёфта буданд: “Натиҷаҳои ташхис аз Олмон нишон доданд, ки дар ҳақиқат ин бозёфтҳо хеле надир буда, аз ин пештар дар дигар бозёфтҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба назар нарасидаанд”.

Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ҳафриёти бостоншиносӣ на ба хотири чор ҳазорсола эълон намудани Данғара, балки ба хотири ба олам нишон додани тамаддуни бостонии тоҷикон, муаррифии арзишҳои миллӣ ва исбот кардани он далелҳо, ки аз ибтидо тоҷикон мардуми бумӣ ва маскуни ин сарзамин буданд, анҷом шудаанд.

Ин изҳороти президенти Академияи улум дар ҳолест, ки чанде қабл бостоншиносони Академияи илмҳои Тоҷикистон дар деҳаи Хушманзараи ноҳияи Данғара, ки қаблан Кангурт ном дошт, 72 зарфи сафолин пайдо намуданд. Доктори улуми таърихСаидмурод Бобомулоев он замон гуфта буд, бозёфтҳо ба асрҳои 13 ва 11-и пеш аз мелод мансуб буда, таърихи қариб 4 ҳазорсола доранд. Бостоншиносон бозёфтҳои мазкурро нодир гуфта, таъкид карданд, ки то ҳол бо чунин арзиши баланд дар Хатлон чизе дарёфт нагардидааст.

Баъди изҳороти бостоншиносони Академияи улум сару садоҳое ба вуҷуд омад, ки гӯиё дар Тоҷикистон аз чорҳазорсолагии тамаддуни Данғара таҷлил мешавад, аммо Раҳимӣ гуфт, чунин ҷашн дар назар нест.
Мӯҳр
в
Таърихро хам бозича кардед. Агар Президент аз Евон мебуд, Евонро хам 4000 хазорсола эълон мекардед.

Мутахассис
Хоҳишан ҷиддӣ бошед ҷамоати Кангурт дар ноҳияи Темурмалик аст на ноҳияи Данғара

Кангурт дар марзи маъмурии нохияи Темурмалик карор дорад мухтарам академикон. Ба ин нохия низ таваччух мешуд аъло мешуд.

Имсол нею оянда насиб бошад , 4х,азору 1солагии ДАНFАРАИ бостониро ч,ашн мегирем. Имсолааш донишч,уйх,о банд барои тайёрии Истик,лолият...

историк
Дар китоби Юсуф Акобир дар бораи таърихи Дангара навишта щудааст. 70 ё 80 сол дорад. Дунё кадим хаст ва пайдоиши хар махал ё макон таърихи баробари пайдоиши инсоният дар он махалро дорад. Инро исбот кардан ё солшумори кардан гайри имкон хаст.

Хучанду Хисор Кулобу Истаравшанро чанд хазорсолагияшонро ёфтанду чашн гирифтанд чаро Кангурти нохияи Темурмаликро чашн нагиранд? Бигузор бо хамин бахона ободихо дар нохияхо мешавад.Умуман нохияхои Кулоб харобу кухнаву ахамияти хукумат нест.Хукумат факат дар ободии Пойтахту Сугд аст.

Акнун тамоми китобхои дарсии таърих аз нав чоп мешавад. Вой бар сари директорони мактабхо... ба шумо хамдарди изхор мекунам директорону муаллимон(((((

Ябани
Мутахассис,
Читри Евон? Итри нгу втани мора. Евончон бген

в,
Да пврот блони мошин кфидай.

Бостоншинос
Дехае, ки дар борааш сухан меравад Кангурттут ном дорад, дехаи дигар аст. Дар ин деха гуристон ва дехаи асри биринч вучуд дорад ва онро бостоншиносони точик хануз дар давраи шурави кашф карда чандин сол дар ончо кор карданд ва таърихи онро муайян карданд. Осори асри биринчро бостоншиноси маскваги Н.Виноградова африёт карда ба охири хазорсолаи 2 пеш аз мелод тааллук дошатни онро муайян кард ва хатто дар ин бора киобе хам нашр кард. Яъне асри биринчи Кангуртут ягон хел кашфиёти нав нест ва кайхо боз маълум аст. Дар ончо ягон хел шахр нест, танхо дехаи (поселение) асри биринч аст. В.А. Ранов дар ончо башишгохи асри сангро низ кашф карда буд.

Бостоншинос
Вактхои охир барои муайян кардани таърихи ёдгори ба хоричихо мурочиат мекунанд ва гуё онхо дар лабараторияхои замонавиашон сину соли ёдгорихоро муайян мекунанд. Ин вохима аст. Таърихи ёдгорихоро дар асоси шакли сафол ва осори дигар муайян мекунанд ва ин корро бостоншиносони точик хам ичро мекарданд ва мекунанд. Санчишхои карбони як чизи иловаги хаст. Алалхусус барои Кангуртут ба Олмон фиристодани осор хеч хочат надорад, таърихи он дар асоси сафолхо ва хамон санчиши карбони аз тарафи Н.Виноградова кайхо муайян карда шудааст. Яъне барои аробаро аз нав ихтироъ кардан хочат нест.

точик
бародарон мо хама точикистони хастем ва худамонро мусалмон мегуем мусалмон бояд бахил ва Кина надошта бошад дангара евон е дигар нохия хамаша ватани азизи мост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)