Бахшҳо

Раисиҷумҳури Эрон: Даврони кудато, туп ё тонк гузашт

Раисиҷумҳури Эрон гуфтааст, даврони кудето, туп ё тонк гузаштааст. Ҳасан Руҳонӣ, ин нуктаро якшанбеи 17 июл ҳангоми суханронӣ дар устони Кирмоншоҳ дар робита ба табадулоти нокоми Туркия изҳор доштааст.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, Руҳонӣ афзуда, “ҳанӯз дар минтақае ҳастем, ки иддае фикр мекунанд бо кудато метавон қудратро ҷо ба ҷо кард”.

Раисиҷумҳури Эрон дар идома бидуни ишора ба кишвари хосе таъкид кардааст: “Режим кӯдаксифати минтақа ба дунболи лошаи мурдагони террорист ҳастанд”.

Кудатои номуваффақи Туркия шаби 15 ба 16-и июл аз сӯи гуруҳе аз низомиёни ин кишвар иттифоқ уфтод. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия субҳи 16 июл ин кудаторо шикастхӯрда эълом кард ва гуфт, ҳукумат вазъиятро дар контроли худ дорад. Дар соатҳои аввали ин кудато ҳазорон тан аз тарафдорони ҳукумати Эрдуғон ба хиёбон рехтанд ва ҷилави табаддулотчиҳоро гирифтанд. Давлати Туркия Фатҳулло Гюлен, мухолифи ҳукумати феълии Туркияро, ки дар Амрико ба сар мебарад, дар ин кудато мутаҳҳам мекунад. Эрдуғон хостори истирдоди Гюлен аз Амрико шудааст. Тибқи гузоришҳои расида бештар аз 6 ҳазор нафар, аз ҷумла баъзе афсарон ва қозиёни аршади Туркия ба ҷурми даст доштан дар кудато боздошт шудаанд. Теъдоди кушташудаҳои ин ҳодиса ба 290 нафар расида, 1400 каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Мӯҳр
Икбол
"Озодагон" илтимос, калимахои кудато, кудето чи маъно дорад мефахмондед.

Кудато - чи маъно дошта бошад? Озодагон! Мо эрони нестем-ку, соддатар ва бо забони оммафахми точики нависед.

савол
Кудато чи маьно дорад??
Озодагон илтимос чавоб дихед!!!
Мо хонандаи доимии ту хастем. Чавоб дех!

ЧАВОБ: «Кудето» баргирифта аз «coup d'état»-и варонсавист, ки маънии «зарбаи ногаҳонӣ ба давлат»-ро дорад. Фарҳангистони забону адаби форсӣ кудеторо тасвиб ва чунин таъриф кардааст: Кудето — иқдоми барномарезишудаи бахше аз ҳукуматгарон барои сарнагунии ҳайъати ҳокимаи мавҷуд ки мумкин аст бо тавассул ба неруи низомӣ сурат пазирад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)