Бахшҳо

Суол ба вазири кишоварзӣ: Кай бозор рафтаед ва сабзӣ чаро қимат шуд?

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, як рӯз пас дар бозор аст ва маҳсулоти мавриди ниёзашро худаш мехарад.

Сатторӣ имрӯз, 20-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон”, ки бори охир кай аз бозорҳои пойтахт дидан кардаед, гуфт ҳар рӯз омори нархҳоро пайгирӣ мекунад ва шахсан худаш як рӯз пас дар бозорҳост: “Як рӯз пас дар бозори Шоҳмансур, Деҳқон ва Зарафшон ҳастам, бевосита ҳамаи молу маҳсулотро худам мехарам”.

Ба суол дар мавриди ҷаҳиши якбораи нархи сабзӣ Сатторӣ изҳор дошт, ки “нархи сабзӣ имрӯз назар ба соли гузашта бештар нашудааст. Ҳар кило то 2 - 2,2 сомонӣ нарх дорад. Майдони кишти сабзӣ ҳам нисбати солҳои гузашта кам нагардидааст. Дар истеҳсоли сабзӣ мушкиле нест”.

Аммо хабарнигорон дар хитоб ба вазир иттилоъ доданд, ки савдогарон дар бозорҳои пойтахт сабзиро истеҳсоли Қирғизистон муаррифӣ карда, ҳудуди 4 сомонӣ мефурӯшанд. Вазири кишоварзӣ гуфт, сабзии Қирғизистонро намедонад, аммо сабзии Тоҷикистон 1,8-2,2 сомонӣ нарх дорад.

Ӯ таъкид намуд, ки зимни пофишориҳо барои арзонӣ дар бозорҳо инчунин бояд фикри истеҳсолкунандаҳоро кард. Ӯ картошкаро мисол овард, ки арзиши аслии он 80 дирам, аммо бархе мехоҳанд, ки боз мо онро то 60 дирам арзон кунем: “Деҳқон бояд ҳадди ақал 20 фоиз фоида гирад. Фақат арзонӣ талаб карда мешавад, аммо як бор хароҷоти деҳқонро ҳам фикр кардан даркор. Бигзор 20-30 фоиз фоида бинад, то барои истеҳсол ҳавасманд бошад”.
Мӯҳр
салимов
дар иктисодиети пешрафта пеши рохи махсулоти кишоварзиро намегирад барьакс давлат як микдорашро барои болоравии нарх мебарад то кишоварз ба зарар кор накунад. Ма дар чопон як тарбуза бист доллар чор картошкаро 2,5$ харидам

Самандар
Рафик вазир намедонад, ки дар бозорхо дехкон, балки савдогарону чаллобон мешинанд. Онхо бори дехконро ба зурй кашида мегиранд.

Samud
салимов,
Muhtaraм salimov МО кучою чопон кучо як аср кафо мондаем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)