Ёқутистон: Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми нигоҳ доштани адабиёти мамнӯъ
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Cаха (Ёқутистон)-и Русия бо иттиҳоми нигоҳ доштани адабитёти мамнӯъ боздошт шудааст.
Вазорати умури дохилии Ёқутистон гуфтааст, боздошти ин муҳоҷири 46-сола дар пайи дарёфти маълумоти фаврӣ сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, аз манзили шаҳрванди Тоҷикистон, ки муҳлати иҷозатномаи муваққатии будубошаш дар Русия моҳи сентябри соли равон анҷом меёбад, чанд адабиёти дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ пайдо кардаанд: “Боздоштшуда гуфтааст, як шахси диндор аст ва дар кишвараш ин адабиёт мамнӯъ нест. Аз ин рӯ онҳоро нигоҳ медорад ва барои қироат ба ҳамватанони худ ҳам медиҳад”.
Бо қарори Додгоҳи шаҳрии Ёқутистон ин шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми “Нашр ва паҳгн сохтани маводи экстремистӣ” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. “Адабиёти мамнӯъ бо қарори додгоҳ барои нобуд кардан гирифта шуд”,-хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД дар Саха. Аммо манбаъ аз ин адабиёт ном набурдааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |