Сумангул Тағойзода дар бораи коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ ва интиқоли тобутҳо

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикитон имрӯз, 21 июл дар суҳбат бо хабарнигорон аз коҳиши рафту омади муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои хориҷа хабар дод.
Ба қавли хонум Тағойзода, дар нимсолаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 308 ҳазору 676 нафар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки 267994 тани онҳо мард ва 40682 каси дигар зан будааст. Ӯ мегӯяд, 301 ҳазору 654 нафар ба Русия ва 6 ҳазору 43 кас ба Қазоқистон рафтаанд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, дар шаш моҳи ахир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазору 949 нафар камтар ба муҳоҷирони меҳнатӣ рафтаанд. Хонум Тағойзода сабабҳои коҳиш ёфтани мизони сафари муҳоҷирони меҳнатиро ба буҳрони молӣ, беқурбшавии рубли Русия дар баробари доллар ва тағйирот дар сандаҳои будубоши муҳоҷирон арзёбӣ намуд. Ба қавли вазир, имсол аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 160434 муҳоҷири меҳнатӣ бозгаштаанд, ки дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли сипаришуда 27034 нафар ва ё 14% кам шудаанд.
Сумангул Тағойзода қайд намуд, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба 210 шаҳрванди кишвар, ки вурудашон ба Русия манъ гардида буд, дубора иҷозаи сафар ба қаламрави он кишвар дода шуд. Ӯ таъкид намуд, аз аввали соли равон то ҳол аз кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон 436 тобути шаҳрвандон оварда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 адад зиёд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |