Сафорати Тоҷикистон дар Минск дар бораи хабари депорти муҳоҷирон аз Белорусия

Сафорати Тоҷикистон дар Белорусия аз хабарҳо дар мавриди депорт ва мусодираи шиномномаи даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон изҳори бехабарӣ мекунад.
Аз ин ниҳод дар як суҳбати катбӣ имрӯз, 22 июл ба “Озодагон” гуфтанд, то ҳол мушоҳида нашудааст, ки Департаменти муҳоҷират ва шаҳрвандии Вазорати корҳои дохилии Беларус беасос шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро гирифта ё онҳоро депорт карда бошад: “Танҳо якчанд ҳолат буд, ки шаҳрвандон барои вайрон кардани қонуни будубоши кишвари иқомат ва убури ғайриқонунии марзи давлатии Белорусия ҷаримабандӣ ва бадарға шуда буданд”.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои расонаҳо, як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қасди сафар ба Лаҳистонро доштанд, дар марзи Белорусия боздошт шудаанд. Дар ин хабарҳо гуфта мешавад, дасти кам 20 нафар аз ин муҳоҷирон ба Ватан депорт шуда, шиносномаи 10 тани дигар мусодира гардидааст. Яке аз ин муҳоҷирон бо шарти ифшо нашудани номаш ба “Озодагон” гуфт, “кормандони Хадамоти муҳоҷирати Белорусия ба хона, меҳмонхона ва ҳар куҷое, ки тоҷикон буданд, рафта, шиносномаҳояшонро гирифт. Маро низ депорт карда, то 25 июл барои тарк намудани кишвар ба мо муҳлат доданд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |