Бахшҳо

Маҳмадзода: Санҷиши амволи Кабирию Назарзода идома дорад

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон иттилоъ дод, ки амволи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиа пурра ба ҳабс гирифта шудаанд.

Фариддун Маҳмадзода, сардори раёсати назорати буҷет ва фондҳои давлатии Оҷонсии зидди фасод имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, Назарзода ғайриқонунӣ 10 иншооти давлатиро аз худ кардаст ва ҳангоми хусусигардонӣ ба маблағи 5,3 миллион сомонӣ ба давлат зарар расондааст. Ӯ афзуд, ки парвандаи марбут ба амволи Муҳиддин Кабирӣ дар ихтиёри Палатаи савдо қарор дорад: “Феълан санҷишҳо дар мавриди ҳам амволи Кабирӣ ва ҳам Назарзода идома доранд”.

Қаблан Оҷонсии зидди фасод иттилоъ дода буд, ки гуруҳи фаврӣ - тафтишотӣ 42 биноҳои маъмурию манзилҳои истиқоматӣ ва 70 номгӯи молу амволи дигари Кабирӣ ва наздиконашро ошкор кардааст.

Аввали соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Абдуҳалим Назарзода дар маҷмӯъ ба маблағи 151 миллион сомонӣ мулу мулкро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд.

Сафаралӣ Мирзозода, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон изҳор дошта буд, алайҳи амволи Кабирию Назарзода аризаҳои даъвогиро дарёфт кардаанд: “Аризаҳои даъвогӣ барои рӯёндани молу мулк ба маблағи 7 миллион сомонӣ ворид гардидаанд”.

Сарпрокурори ҳарбӣ дар фурӯши ғайриқонунии амволи давлатӣ ба Назарзодаю Кабирӣ мансабдоронро низ гунаҳкор хонда, афзуд, дар бархе ҳолатҳо вақти хусусигардонӣ дар мақомот ҳам қонуншиканӣ сурат гирифтааст: "Вобаста ба он ки аз пеш чаро зери назорат нагирифтанд ва чаро баъд ошкор карда шуд? Дар ҳақиқат ҳаст ҳолатҳое, ки ғайриқонунӣ амавол аз тарафи мақомот ба моликияти шахсӣ гузаронида шудаанд ва аъзои дастаи террористӣ аз ин сӯиистифода карданд. Тафтишоти пешакӣ қарорҳои ғайриқонуниро ошкор кард ва онҳо бекор карда шуданд”.
Мӯҳр
Ахмад
Агар инхо мутахам ба ин кор бошанд пас худи вазирхо ва дигар масьулони давлати ки аз чойгохи болотаре махсуб мешаванд чи кадар молу амволро но хак гирифтаанд. Ва коргарони давлатие ки бояд нозир бар ин кор буданд чаро пеш аз 9 сентиябр чизи намегуфтанду бад аз кудато ин хама гапу хабар бромадестай?

Левен
а бача то аму чоруми сентябра гичода бди, ки тафтишш накардай???!!!

мехмон
Аз ин хангомахо маълум мешавад , ки касе сохиби мансаб бошад амволаш хисоб намешавад. Каме гунох кард тамом , хама чизу амволаш гайри конун аз худ кардаги!! Хайфи он меросе ки аз СССР ба мо монда буд !
Хамаро шикастеду фурухтед. Имсол 2016 - ро бо соли 1985 мукоиса кунед !!
Чи тагирот шудааст? Факат бо мошинхои хоричи ва телефону планшетхо пеш рафтаем.
На маданият , на фарханг ,дар кучахои шахр алфози кабех, мусофиркашонии бе реча. Мо нисбати соли 1985 200 сол кафо мондаем. Бо хамаи ин сабаб хамин бесаводхои ошубгар ва рохбарони бетачриба.

Хамон мансабдорони давлатро хам тафтиш кунед нисфи Точикистона харидаги муборизони зиди фасод

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)