Бахшҳо
30 июл 2016 10:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Агентии коррупсия дар бораи зарарҳои молиявии ошкоршуда дар филиалҳои “Амонатбонк”

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар фаъолияти “Амонатбонк” камбудиҳои ҷиддӣ ошкор кардааст.

Давлатбек Хайрзода,
муовини раиси ин оҷонсӣ 29 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар пайи санҷишҳо чанд ҳолати дуздии маблағҳои ба амонатгузоштаи шаҳрвандон, тасарруфи маблағҳои хазина, талафи маблағҳои қарзӣ ва ғайра ошкор гардид. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ниҳоии санҷишҳо нишон дод, ки вазъи нигоҳдори воситаҳои пулӣ дар хазинаҳои бонк, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳолатҳои қарздиҳӣ ба мизоҷон дар сохторҳои тобеи “Амонатбонк” комилан аз назорати раҳбарияти ин ниҳод берун мондааст. Ҷаноби Хайрзода афзуд, дар филиалҳои “Амонатбонк” дар шаҳру навоҳии кишвар зарари молиявиро дар ҳаҷми 31 миллиону 395 ҳазор сомонӣ ошкор намудаанд, ки ин аз ҳисоби камомади воситаҳои пулию молӣ, тасарруфи маблағҳои қарзӣ ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ ба миён омадааст.

Муовини раиси Оҷонсии зидди фасод қайд намуд, барои азхудкунии маблағҳо ва дигар қонуншиканиҳо нисбати 3 корманди “Амонатбонк” парвандаҳои ҷиноӣ боз намудаанд. Давлатбек Хайрзода таъки кард, “зарарҳои молиявии нисбатан калони ошкоргардида ба филиали №4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 18 миллиону 940,4 ҳазор сомонӣ, филиали №67-и шаҳри Хоруғ - 4 миллиону 152,7 ҳазор сомонӣ, Раёсати “Амонатбонк”- 2 миллиону 612,3 ҳазор сомонӣ, филиали №70-и ноҳияи Мурғоб - 1 миллиону 82,3 ҳазор сомонӣ, филиали №3-и ноҳияи Синои пойтахт - 1 миллиону 60,5 ҳазор сомонӣ, филиали №20-и ноҳияи Тоҷикобод - 965,5 ҳазор сомонӣ, филиали №66-и Хоруғ - 625,1 ҳазор сомонӣ, филиали №11-и ноҳияи Лахш - 565,9 ҳазор сомонӣ, филиали №12-и ноҳияи Нуробод - 399 ҳазор сомонӣ, филиали № 46-и ноҳияи А. Ҷомӣ - 284,1 ҳазор сомонӣ рост меояд”.

Ӯ афзуд, барои барқарор намудани зарари молиявии расонидашуда тибқи талаботи қонун чараҳои зарурӣ меандешанд.
Мӯҳр
Хоркаш
Хабарнигорони азиз, аз ин муовини муҳтарам напурсидед, ки раиси муаззамашон куҷост? Чаро аз мулоқот бо рӯзноманигорон мегурезад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)