Бахшҳо

Убайдуллоев барои ислоҳи вазъ дар соҳаи нақлиёт ба муовинаш як моҳ муҳлат дод

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз танзим нашудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо интиқод кардааст.

Дафтари матбуоти раиси пойтахт мегӯяд, дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз “ҳолати низоми ташкили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, тарзи меъёрию дилхоҳ то ба ҳол танзим нашудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, бо вуҷуди масъалагузориҳои ҳамарӯза боиси нигаронии мусофирон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо боқӣ мондани танбашавии воситаҳои нақлиёт" изҳори нигаронӣ намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар робита ӯ аз фаъолияти муовини соҳавии худ Низом Ҳакимов интиқод карда, “барои ислоҳи вазъ ба мавсуф то 1 сентябри соли равон муҳлат муқаррар намуд”.

Ин дар ҳолест, ки 28 марти соли равон ҳам Маҳмадсаид Убайдуллоев бо нигаронӣ аз фаъолияти хатсайрҳои ғайриқонунӣ ва таваққуфи стихиявии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди истгоҳу гузаргоҳҳои зеризаминии серодам, фаъолияти анҷомдодаи муовини соҳавиаш, Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиёт-хадамотрасон”, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанберо ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, барои ислоҳи вазъ ба масъулин як моҳ муҳлат дода буд. Он замон шаҳрдори Душанбе Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳоро муваззаф намуд, то назорати қатъию мунсифонаи худро оиди ба танзим даровардани хизматрасонии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муттасил ба роҳ монда, ҷиҳати ислоҳи вазъ бо қабули қарорҳои дахлдор, моҳе як маротиба унвонии раиси шаҳр маълумот пешниҳод намоянд.
Мӯҳр
Бечора "Мухлат" чи гунох дорад? Мухлат, Мухлат, Мухлат.....

Хубтар мебуд Убайдуллоев барои саривакт таъмир намудани купруки махаллаи 46 маблаги заруриро пардохт мекард . Бародари 2528 дуруст кайд кардааст "Гунохи мухлат чи". Танбашавии роххо бо гунохи шумост чаноби МУ. Дар ягон руи дунё барои таъмири косметикии роххо ин кадар вакте,ки дар мо сарф мешавад,вакт сарф намекунанд. Як мости 46 як сол шуд дар таъмир.Камтар инсоф кунед. Бас будагист фиреб кардани шахрвандон.

дар бораи бозори хурокаи 9 км ки дар таги бинои истикомати чойгир аст ва аз шохрох 2 м хам дур нест ягон андеша мекарда бошад ?! Хар руз ин чо садама рух медихад аз руи ин бозор Маршал ки сохиби аслиаш дар апарати президент кор мекунад

Вафо
Хакимов чи гунох дорад бояд раёсати молияи пурсон шудан лозим аст ки маблаґхо кучо мешаванд барои таъмир ё сохтмон ...агар (шапкаро) аз байн мебардоштандбехтар мешуд ва хама кор бо сифат ва сари вакт ичро мешуд аммо ........

Ин боз як худнамоии Раиси шахр аст. Таксихои 3 сомона то хол фаъолият доранд, чи чора дидед? Рузхои ид маршруткахо то кучое мехоханд мераванду нархро 2 баробар баланд мекунанд, касеро правое нест. Барои он, ки рохбарият бо мошинхои давлати мегарданду боре хам дар наклеити чамъияти намешинанд. Агар хар мох муовинонро иваз кунанд хам, вазъият бехтар намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)