Бахшҳо

Суоли 2-юми баҳсбарангези сафири Олмон дар Душанбе оид ба экстремизм

Ҳолгер Грин, сафири Олмон дар Тоҷикистон имрӯз, 8-уми август зимни конфронси «Ифротгароии ҷавонон ҳамчун таҳдид ба амнияти Осиёи Марказӣ» дар Душанбе гуфт, дар Олмон барои экстремизм ҷавобгарӣ ва ҷазо пешбинӣ нашудааст.

Ӯ изҳор дошт, ки дар Олмон танҳо барои амалҳои террористӣ ва терроризм ҷазо татбиқ мешавад. Сафири Олмон бо зикри таҷрибаи кишвараш аз коршиносону иштирокдорони ин конфронс, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он ҳузур доштанд, суол кард, ки дар таҷрибаи кишварҳои Шумо чӣ гуна аст?

Ин изҳори назари сафири Олмон баҳси гармеро миёни иштирокчиёни конфронс ба вуҷуд овард. Ин нахустин суоли баҳсбарангези Ҳолгер Грин дар бораи ифротгароӣ набуда, ӯ қаблан бо ишора ба афзоиши ҳабси муттаҳамон дар ифротгароӣ суол кард, ки "магар ба ҷуз зиндонӣ кардани муттаҳамон дар ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?”

Имрӯз дар пайи суоли гузоштаи сафири Олмон Зулфиқори Исмоилиён, хабарнигор ва коршиноси тоҷик, гуфт, ки ҳоло дар сатҳи ҷаҳон мушаххас нашудааст, ки манзури давлатҳо аз терроризм ва экстремизм чист. Ба гуфти Зулфиқори Исмоилиён ҳатто дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид мушаххас нест, ки терроризм ва ё экстремизм чист: “Бар асоси ҳамин номушаххасӣ ҳоло дар ҷаҳон давлатҳо барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ҳар гуруҳеро, ки мехоҳанд террористӣ ва экстремистӣ эълон мекунанд. Барои мисол дар солҳои 90-ум вақте мо дар Бӣ Бӣ Сӣ дар Маскав кор мекардем, Русия ҷангиёни Чеченистонро террорист мегуфт, вале ба мо дар “Бӣ Бӣ Сӣ” иҷоза намедоданд, ки онҳоро террорист ва ё гуруҳҳои террористӣ биномем. Ё чизеро, ки мо имрӯз дар Сурия мебинем”.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар қонунгузориҳо ва таҷрибаҳои ҳуқуқии дунё мушаххас нест, ки экстремизм чист ва ҳамин номушаххасӣ фаҳмишҳои гуногенеро аз ин мафҳум ҳосил кардааст.

Фариддун Ҳодизода, коршиноси масоили дину давлат бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон ҳам мушаххас нест, ки экстремизм чист. Мо як мушаххасотро мебинем, ки бо гуруҳҳои эестермистӣ дар кишвар Вазорати корҳои дохилӣ ва ба гуруҳҳои террористӣ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мубориза мебарад: “ Аммо, дар дунё маълум нашудааст, ки экстремизм чист. Барои мисол дар Кувайт як ҳаракат ҳаст бо номи “Васатият”, ки аз назари ғарбиҳо ҳам ба унвони як ҳаракати муътадиле шинохта шудааст, ки дар он ҳуқуқи занҳо ва дигар масъалаҳои мубрами имрӯзи ҷаҳон баҳс шудааст. Вале агар онро бо исломи Осиёи Миёна муқоиса кунем, хеле экстремистӣ аст”.

Саймиддин Мирзоев, корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло дар улуми муосир мафҳуми экстремизм бисёр дақиқ муайян ва мушаххас нашудааст ва як таъриф ва меъёри умумипазируфта вуҷуд надорад. Вале ба назари ин олими тоҷик экстремизм як руҳияе аст, ки миёни гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд ва вақте, ки ин гуруҳҳо ба вайрон кардани қонун роҳ медиҳанд дар ҳамин ҷо сарҳади экстремизм тамом мешавад.

Аз назари ин олими тоҷик ҳоло Осиёи Миёна ба як стратегияи умумӣ барои муқобила бо экстремизм ниёз дорад: “Албатта давлатҳои ин минтақа ҳар кадоме дар алоҳидагӣ нақша ва стратегияи муборизаи худ бо экстремизмро дорад, вале равандҳое, ки дар минтақа мегузаранд, заруратро барои пазируфтани як стратегияи мушаххас ва ягона ба вуҷуд овардааст ва аз ин роҳ мешавад, ки аз тавсеаи ифротгароӣ ва экстремизм пешгирӣ кард”.

Фаридун Ҳодизода дар ин нишаст пешниҳод кард, ки бояд стратегияи мушаххасу таҳқиқшудаеро дошт, ки ба кам кардани руҳия ва амалҳои ифротгароиву экстремистӣ оварда расонад. Ба назари ин коршиноси тоҷик танҳо бо ҷазои ҳуқуқӣ ва муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намешавад бо ин гуна равандҳои хатарзо мубориза карду муваффақ шуд.
Мӯҳр
Инҷо чизе равшану возеҳ нест, аммо мақсад аз ифротгароӣ ва экстремисту терарист ва роҳҳои пешгирии он ҳарф мезанед, лек чаро сари он андеша намнкунед, ки сабабҳои пайдоиши он дар чист???! Мор дар маконе бар шер ҳамла меорад ки ҷои гурез ва ё маҷбур мешавад. Инро бояд гуфт, ки чаро маҳс ҷавонон ки қувваи псосиянд ба ин роҳҳо (гӯё даст мезананду ворид мешаванд) мераванд. Ҳол он ки аксари шахсоне, ки бо гумоги эктремизму тероризм мутаҳам шудаанд, ашхосеянд донандаи илми дин ва хатмкардагони мадрасаҳои хориҷ. Маълум аст алакай ба ҳамагон, ки 99 фисади эшон бо гумону туҳматҳо вориди зиндонҳо шудаанд ва ё фирорӣ шудаад. Аввал сабабҳои пайдоишашро пешгири кунед баъдан ҳарф аз он бизанед!

Хуршед
Чаноби Грин Олмонро ба Точикистон мукоиса мекунад, аммо магар намедонад, ки Точикистон бо кишвари Афгонистон анкариб 1500 км. сархадоти муштарак дорад. Мо дар дили Аврупои орому осуда нестем. Дар ин хамсояги дахо хазор аъзоёни созмону ташкилотхои гуногуни террористиу экстремистй чой доранд. Сафири мухтарам, аввал андеша кунанду сипас ГУФТОР!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)