Бахшҳо

Раиси ВМКБ: Самадовро дар Хоруғ касе назадааст, дар садама маҷруҳ шудааст

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон латукӯби Зикрихудо Самадов, раиси ноҳияи Ишкошимро дар шаҳри Хоруғ рад кардааст.

Раиси ВМКБ дар суҳбат бо “Фараж” изҳор доштааст, ки Самадов зимни садамаи нақлиётӣ дар маркази шаҳри Хоруғ ҷароҳат бардоштааст, на дар пайи занозанӣ бо ҷавонон: "Зикрихудо Самадов 3 рӯз пеш, зимни бозгашт бо зану фарзадонаш аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Хоруғ ба садама дучор мешавад. Номбурда бо нақлиёти шахсии худаш дар паси чамбарак менишаст. Ҳангоми ба ҳам бархӯдани мошинаш бо мошини як нафари дигар, ки дуюмӣ аз ҷои садама фирор кардааст, ҷоғаш мешиканад. Хушбахтона, зану фарзандони Самадов ягон ҷароҳат набардоштаанд. Пас аз ҳодиса ӯ ба беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ интиқол дода шуд. Аммо бо тавсияи духтурони беморхона рӯзи дигар тавассути чархбол ба шаҳри Душанбе фиристода шуд. Айни ҳол дар беморхонаи «Медгородок» бистарӣ гардида, табобат гирифта истодааст. Вазъи саломатиаш хуб аст".

Ӯ афзудааст, нисбати ронандаи фирорӣ, ки шахсияташ то ҳол номаълум аст, аз ҷониби мақомоти милисаи шаҳри Хоруғ парванда кушода шуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки Зикрихудо Самадов, раиси 46-cолаи ноҳияи Ишкошим аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Хоруғ мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса дар маҳаллаи маъруф ба “Хлебзавод” рух додааст: “Муноқиша миёни раиси ноҳияи Ишкошим ва нафари муттаҳам дар латукӯб дар пайи нофаҳмӣ ҳангоми ҳаракат бо мошинҳояшон дар роҳ рух додааст. Дар натиҷи муноқиша Самадов аз қисмати ҷоғ зарба хӯрда, дар беморхона бистарӣ шудааст”.

Манобеи “Озодагон” илова намуданд, ки феълан Самадов барои табобат дар беморхонаи шаҳри Душанбе қарор дорад. Масъулини ноҳияи Ишкошим бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтанд, вазъи саломатии Самадов хуб аст ва тариқи телефон корҳо дар ноҳияро пайгирию идора мекунад.

Раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ кард.

Самадов, ки дар гузашта ба ҳайси масъули молияи ВМКБ, Оҷонсии зидди фасод ва Палати ҳисоб кор кардааст, соли 2013 раиси ноҳияи Ишкошим таъин гардида, инчунин узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
Бадахшон
Инсони хуб аст акаи Самадов

Ин бесарусомонӣ дар Хоруғ то ба кай идома меёфта бошад? Ин ба имиджи минтақа чӣ таъсир мегузошта бошад?

Muqimi Ishkoshim
Khele khabari dogh, ammo in mardak baroi Ishkoshim hej kore hamchun rais nakardast. Uzvi palata budan ham yagon rabte ba dastovardhoi shakhsii Zikrikhudo Samadov nadorad. In hama az barakati padarash Mamadayubkhon Samadov hast. Girdi nomi padar chi megardi????

Огои "Мукими" худат ягон бадраги КУШОБУДИ хасти. Агар вокеан хам мукими ишкошимзамин мебуди, ин гапхои бесару нуг ва беасосро наменавишти. Зикрихудо Самадов вокеан хам чавони багайрат ва созанда хаст. Махз чунин чавонони часур ва богайрат метавонанд Ишкошимро аз хошия бароварда ва ба хамсоягони зургуйю нотавонбин нишон диханд, ки мардуми Ишкошим бо маданияти баланд, тахаммулпазири ва зарфиятхои иктисодии худ дар ояндаи начандон дур ба пешравихои назаррас ноил хоханд гашт.

ранги Раиси Рушон будан даркор одам бояд яктарафа кор кунад на ин ки хама корода куш бошад.Самадов хам мардаки хуб аст, милиция да Хоруг тамоман кор намекнад, челиси раиса шикастанд бо милицая хапанд гиретон махкам кнед охи то кай хами корхо давом мекунанд. .

дехконбой
Раисхо низ бояд аз хеш фаромуш насозанд ва чи корхо мекунанд!?

Нои
" ... нисбати ронандаи фирорӣ, ки шахсияташ то ҳол номаълум аст, аз ҷониби мақомоти милисаи шаҳри Хоруғ парванда кушода шуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор дода шудааст. "

Хуб хандондед, раис! О дар Хоруғ ҳама медонад, ки кӣ дар куҷо бо кӣ буд ё ба чӣ кор машғул буд.

хоруги
ачоиб раисчон, дар садама чог хам мешикастабудааст

будаст набудаст магаро, зани худаш будаст магаро, точикира кай ёд мегири магаро...

Огои Акрам
"Озодагон", ба ту бовар кунем ё ба Шодихон!?!?!?

Ту мегуи куфтандаш, вай мегуяд садама.

Садама
Ба хар хол кори хуб нашудааст. Бояд маслихат рохи халли мушкили мешуд. Аммо Самадов хам бисёр тез аст, худро идора кардан наметавонад, ин боре аввал ки нест вай бо дигарон даст ба гиребон мешавад. Аз хад зиёд хавобаланд аст, дар Бадахшон хавобаландиро кам бардошт мекунанд, касе ки набоши.

бобо
ЧАро Раиси ВМКБ изхор доштаасту чаро ШКД -ии Хоруг худдори мекардааст Мардум хакикатро медонанд. Дуруггу душмани Худо!

шодихон чамшед барои чи дуруғ мегуед, муҳтарам Самадовро заданд. Чи ба фикри ту Самадов дуруг мегуфт? Рости гапашро гуфтан даркор. Самадов одами хуб ва хам рохбари хуб аст. Ин хел гапхоро нагуед дар ВАО, айб аст.

Озодагон мархамат чоп кунед. Каблан минатдорам

саид
чи тавр садама ки на айбдор ефт шуд на мошин вайрон аст ва на зану фарзандаш чарохат бардоштанд? дуруги махс аст раиси нохияро хоругихо заданд

Памирка
ишкошима ягон раис обод накард намекунад ва нахоханд кард....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)