Бахшҳо

Масъули НБО Роғун: Нахуст чархаҳои 5 ва 6 фаъол мешавад

Масъулини неругоҳи барқи обии Роғун мегӯянд, қарор аст дар навбати аввал чархаҳои 5 ва 6-и неругоҳ ба кор дароварда шаванд.

Музаффар Абдиев, сардор раёсати қабули корҳои ба анҷомрасидаи неругоҳ дар як суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Роғун гуфт, феълан наздики 70 дарсади корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ анҷом шудааст. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар сохтмони неругоҳ 67 ширкат фаъолият мекунанд, ки 53-тои он ширкатҳои ватанӣ ҳастанд: “Дар неругоҳ беш аз 13 ҳазор нафар кор мекунад. Дар оянда ин рақам ба 20 ҳазор расонида мешавад, ки дар ду баст 11 соатӣ фаъолият хоҳанд кард”.

1 июли соли равон Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Салини Импреҷило С.п.А.” (Salini Impregilo SpA)-и Итолиё созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Маблағи умумии созишнома 3,9 миллиард доллар гуфта мешавад. Масъулини ширкат баъди имзои созишнома гуфтанд, ки аввалин чархаҳои неругоҳ соли 2018 ба кор медароянд. Ҷаноби Абдиев гуфт, тибқи нақша қарор аст, нахуст чархаҳои 5 ва 6-и нуругоҳ фаъол гардад. Ӯ сабаби ин тасмимро наздикии ин чархаҳо ба таҷҳизот ва сарфи ками маблағ арзёбӣ кард.

Роғун яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии минтақа ба ҳисоб меравад, ки дар сурати фаъолияти пуррааш метавонад солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад.
Мӯҳр
Агар Рогун хам ба кор дарояд, ки Барки Точик аз муфлиси рахо намеёбад. Зеро дар баробари зиёдшавии истехсоли барк шумораи дачасозон низ зиёд мешаванд.

точикистони нав
худо насиб кунад чархаи якумаш ба кор дарояд яке аз рузхои солро иди рогун еълон мекунем

Ин ваъдахоро мо 10 солахо мешунавем, аммо ягон ваъда ичро намегардад. Рогун ягона сарчашмаи пулшуии масъулин гаштааст. Бузак бузак намур ки бахор меояд. Падарони мо шоди мекарданд, ки Рогун сохта мешаваду зиндаги мачрои дигар мегирад, аммо мурданду Рогунро надиданд. Мо низ дар орзуи ин мемирем. Хамаи цифрхои гуфташуда дуруг аст. Агар рост мешуд мо на танхо мардуми ТЧ- ро балки Афгонистону Покистонро бо чои кор таъмин мекардем.

Абдиев шуморо ман нагз мешиносам. Дар шуъбаи сохтумони шахри Рогун кор мекардед. Шумо дигар нашудед.

Рустам
Яке аз роххои баромадани Точикистон аз бухрони молияви ин НОБ Рогун аст! Мо бояд хар чи тезтар ин неругохро сохта ба истифода дихем! Ин неругох барои ободии зиндагии хар яки мост. Мо бояд дастгири кунем ин сохтмонро!!!

Ба кавли Чаноби Оли мухтарам Э.Рахмон НБО "Рогун" хаёту мамоти мардуми Точикистон аст. Ин сохтмони бузурги асри 20-у 21 орзую ормонхои миллати куханбунёди точик аст. Бигзор бо дасти худ ва ё дасти хоричиён бошад, хатман инро бояд сохт. Дар ин кори хайр, ки ризку рузии ояндаи фарзандонамон аз он вобаста аст, дастгирии хамачонибаи мардуми Точикистонро такозо мекунад (хамин боигари албата аз чониби Худованд насиби мо точикон гаштааст).

Ба мардуми точик Худованд ба чойи нафту газ, оби фаровон ато намудааст. Барои хамин ин неъмати худовандро бояд мо дар пешбурди тамоми сохахои хочагии халкамон самаранок истифода барем. Тамоми неруро бахри харчи зудтар сохта ба истифода додани НОБ-и "Рогун" истифода бурд. Рушди иктисодиёти Точикистон аз бунёди ин НОБ вобастагии калон дорад. НОБ-и Рогунро месозем, месозем, месозем....

Агар мо мардуми точик, Неругохи барки Рогунро чи кадар тезтар сохта ба истифода дихем, хамонкадар бучаи давлат мустахкам гардида, Точикистони мо аз бухрони иктисоди мебарояд. Пас аз ба истифода додани ин Неругох бучаи давлат, ки мустахкам гашт маоши кормандони давлати низ то дарачае боло хохад рафт ва сатхи зиндагии мардум бех мешавад.

Бехтарин.Агар дар корхонаи Рогун аз коргаронашон то ширкатхо Русхо ва Узбакхо набошанд хатман сохта мешавад.Агар бошанд дар сад сол намешавад.

Неругохи Рогун барои мардуми точик, манбаи асосии рушду инкишофи Точикистон дар ОМ мебошад. Агар харчи зудтар сохтмони ин неругох ба пойн расад, давлати мо ба истиклолияти Энергетики нойл гашта, мардуми точик пурра аз мушкилоти барк дар фасли сармо мбарояд. Хамчунин сатхи зиндагии халк боло меравад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)