Дилшод Назаров нишони тиллои олимпиадаро ба гардан овехт
Дилшод Назаров, варзишгари номовари тоҷик ба дарёфти медали тиллои олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гардид.
Ӯ гурзро ба масофаи 78.68 метр партоб кард ва аз ҳама рақибони худ пеш гузашт. Медали нуқра бо нишондоди 77,79 метр насиби Иван Тихон, намояндаи Белорус ва нишони биринҷӣ бо натиҷаи 77,73 метр насиби Войтсех Новитски, варзишгари лаҳистонӣ шуд.
Дилшод Назаров пас аз анҷоми қувваозмоӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ба натиҷаи аз ин бештар умед баста буд: “Аммо муҳим ин аст, ки нишони тиллоро соҳиб шудем. Хеле хушбахтам”.
Ӯ дар идома афзуда, ҳатто тасаввур намекунад, ки вақте ба Тоҷикистон бармегардад, ҳамватанон чи гуна истиқболаш мегиранд: “Бо назардошти он “лайк”-ҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоштанд, эҳтимол, тамоми ҷумҳурӣ мунтазири баромади ман буд”.
Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ мекард. Аз миёни онҳо танҳо Дилшод қаҳрамони олимпӣ шуд. Шаш варзишгари дигар ҳатто даври интихобиро убур накарданд.
ТАРҶУМАИ ҲОЛ
ДИЛШОД НАЗАРОВ - 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
- Варзиши сабук, гурзандозӣ.
- Рекорди инфиродиаш 80,71 метр.
- Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006). - Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Мураббиёнаш - модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов, феълан Владимир Машко. - Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст. - Барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад. Бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст. Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003), барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003), ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист. Дар байни варзишгари тоҷик аввалин шуда ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил роҳхат гирифт. Моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дуюмро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Оиладор буда, соҳиби ду фарзанд – як писару як духтар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |